Далер Ҷумъа: Нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба маводи сӯхти Эрон ниёз доранд

© SputnikМинистр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума,
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо вазири нафти Эрон мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва манобеи оби Тоҷикистон бо Ҷаводи Авҷӣ, вазири нафти Эрон ҳамкориҳо дар бахши энержиро баррасӣ карданд.
Дар ин дидор Далер Ҷумъа зимни ибрози хурсандӣ аз сатҳи таомулоти кишвар бо Эрон дархост кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Эрон ва Тоҷикистон афзоиш пайдо кунад.

“Мо дар Тоҷикистон барои таъмини нерӯгоҳҳои худ эҳтиёҷ ба сӯхт дорем ва хушҳол мешавем, ин сӯхтро аз Эрон таъмин кунем”,- гуфт Вазири энергетикаи Тоҷикистон.

Вай ҳамчунин афзуд, дар баҳси истихроҷи нафт ҳам тамоюл дорем, бо Эрон ҳамкорӣ кунем.
Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 9 январи 1992 барқарор шуда буданд.
Духовный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Раҳбари Эрон: Украина қурбонии сиёсатҳои Амрико аст
Сафорати Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардид.
Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0