Дар Петербург хонаи савдои Тоҷикистон пайдо мешавад

© SputnikФлаги России и Таджикистана
Флаги России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия ва волии Санкт-Петербург барпо гардидаст, ки онҳо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо чанд масъаларо баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар Санкт-Петербург дар фикри таъсиси хонаи савдои Тоҷикистон ҳастанд. Инро волии шаҳр Александр Беглов пешниҳод кардааст.
Ӯ пас аз муроҷиати сафири Тоҷикистон дар Русия бо дархости мусоидат ба рушди тиҷорат ба ӯ чунин роҳи ҳал пешниҳод кардааст. Ба ин тартиб, ба гуфтаи раиси шаҳр, барои тоҷирон робита барқарор кардан осонтар мешавад.
Яке аз самтҳои ояндадори тиҷорати байни кишварҳо содироти маводи ғизоӣ ва нассоҷӣ мебошад.
Украшенная фруктами правительственная резиденция в Душанбе по случаю встречи лидеров ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Талаботи Русия ба меваю сабзавоти Тоҷикистон афзуд
Дипломат таъкид кард, ки Тоҷикистон омодааст, матоъҳои пахтагии табииро ба Русия содир кунад.
Вазифаи дигари муҳими ҳамкории кишварҳо соҳаи маориф хоҳад буд. Бо таваҷҷуҳ ба он ки Тоҷикистон аз рӯи теъдоди донишҷӯён дар Санкт-Петербург дар ҷои шашум қарор дорад, зарур аст, ки миёни муассисаҳои таълимӣ равобити шарикӣ роҳандозӣ ва ҳамчунин барои омӯзиши таъриху фарҳанги ду кишвар барномаҳои муштарак эҷод шавад.
Ба ин манзур сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода вориди шаҳр шуд, ки бо ӯ волӣ Александр Беглов мулоқот кард.

"Мо мехоҳем муносибатҳои хуб дошта бошем. Ва барои ин мо комилан ҳама чизро дорем! Ҳам муносибатҳои хуб ва ҳам ҳамдигарфаҳмӣ ва ахиран консулгарии генералӣ низ кори худро пурзӯр кард. Барои ин ман аз онҳо миннатдорам", - гуфт Беглов.

Вай афзуд, "бештар робита кардан" лозим аст, махсусан барои ҷавонон муҳим аст, ки онҳо бо ҳамдигар муошират кунанд, забон омӯзанд.
Қаблан вилоятҳои Суғду Липетск дар мавриди густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва афзоиши содироти Тоҷикистон ба Русия ба мувофиқа расида буданд.
Гуфта шуд, ки вилоят тасмим гирифтааст, ки бо соҳибкорони Суғд равобити иқтисодиву тиҷоратиро густариш бахшад, зеро дар бозорҳои Русия ба меваю сабзавоти Тоҷикистон талабот зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0