https://sputnik.tj/20220411/talabot-rusiya-meva-tojikiston-afzud-1047529217.html
Талаботи Русия ба меваю сабзавоти Тоҷикистон афзуд
Талаботи Русия ба меваю сабзавоти Тоҷикистон афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Русия ба меваю сабзавоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд доранд, гуфтпрезиденти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск
2022-04-11T12:14+0500
2022-04-11T12:14+0500
2022-04-11T12:26+0500
иқтисод
молу коло
содирот
дар тоҷикистон
дар русия
липетск
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042323872_0:155:3077:1885_1920x0_80_0_0_eb3612c4fe103faf7b47e730ecc1ae0b.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Ҳайати соҳибкорони вилояти Липетски Русия бо роҳбарии президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дидору мулоқот карданд.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, дар ин мулоқот Аҳмадзода изҳори бовар кардааст, ки сафари навбатии соҳибкорону масъулони вилояти Липетск ба вилояти Суғд ба ҳамкориҳои дуҷониба такони нав хоҳад бахшид.Дар мулоқоти васеи ҷонибҳо, ки дар қароргоҳи кишвардор дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифтааст, ҳар ду тараф хостори тақвияти ҳамкориҳо ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот шуданд.Аҳмадзода қайд карда, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд аст ва пешниҳод намудааст, ки доираҳои тиҷоратии ҳар ду вилоят барои ташкили корхонаҳои муштарак иқдом кунанд.Ҳамзамон маълумот дода шуд, ки дар вилояти Суғд маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол гардидаву коркард мешавад ва содироти он ба бозорҳои вилояти Липетск метавонад манфиатовар бошад.Анатолий Голтсов дар навбати худ бо қаноатмандӣ аз густариши робитаҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори хушнудӣ намудааст.Ҷонибҳо дар охир таъкид карданд, ки миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин санадҳо минбаъд ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавсеа бахшида хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220407/sodirot-nassojii-tojikiston-rekord-1047440385.html
липетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042323872_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_bda8c5f79825ccc569eaa6ea24b388e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
меваю сабзавот, тоҷикистон, липетск, содирот, мева
меваю сабзавот, тоҷикистон, липетск, содирот, мева
Талаботи Русия ба меваю сабзавоти Тоҷикистон афзуд
12:14 11.04.2022 (Навсозишуда: 12:26 11.04.2022) Сокинони Русия ба меваю сабзавоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд, гуфт президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Ҳайати соҳибкорони вилояти Липетски Русия бо роҳбарии президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дидору мулоқот карданд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, дар ин мулоқот Аҳмадзода изҳори бовар кардааст, ки сафари навбатии соҳибкорону масъулони вилояти Липетск ба вилояти Суғд ба ҳамкориҳои дуҷониба такони нав хоҳад бахшид.
Дар мулоқоти васеи ҷонибҳо, ки дар қароргоҳи кишвардор дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифтааст, ҳар ду тараф хостори тақвияти ҳамкориҳо ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот шуданд.
Аҳмадзода қайд карда, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд аст ва пешниҳод намудааст, ки доираҳои тиҷоратии ҳар ду вилоят барои ташкили корхонаҳои муштарак иқдом кунанд.
Ҳамзамон маълумот дода шуд, ки дар вилояти Суғд маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол гардидаву коркард мешавад ва содироти он ба бозорҳои вилояти Липетск метавонад манфиатовар бошад.
Анатолий Голтсов дар навбати худ бо қаноатмандӣ аз густариши робитаҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори хушнудӣ намудааст.
"Вилояти Липетск ба афзоиши додугирифти тиҷоратӣ омода аст ва ба меваю сабзавоти Тоҷикистон дар Русия талабот мавҷуд аст", - гуфтааст ӯ.
Ҷонибҳо дар охир таъкид карданд, ки миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин санадҳо минбаъд ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавсеа бахшида хоҳад шуд.