Маълум гардид, ки аз оғози амалиёт чанд нафар аз Донбасс ба Русия оварда шуд

© Sputnik / Sergei Averin / Гузариш ба медиабонкЖители Донецкой народной республики (ДНР) на железнодорожной станции в Дебальцево во время эвакуации на территорию России в Ростовскую область
Жители Донецкой народной республики (ДНР) на железнодорожной станции в Дебальцево во время эвакуации на территорию России в Ростовскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Обуна шудан
Теъдоди одамоне, ки аз оғози амалиёти вижа дар Украина аз Донбасс ба Русия кӯчонида шудаанд, беш аз 700 ҳазор гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Аз оғози амалиёти вижа беш аз 700 ҳазор нафар аз Донбасс ва манотиқи хатарноки Украина ба Русия кӯчонида шуданд. Дар ин бора генерал-полковник Михаил Мизинтсев, раиси Маркази миллии назорати дифои Федератсияи Русия хабар дод.
"Дар давоми 24 соати гузашта бидуни ширкати мақомоти Украина 26 ҳазору 676 нафар аз Донетск, Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск ва манотиқи хатарноки Украина ба Русия, 3 ҳазору 447 кӯдак ва аз оғози амалиёти вижаи низомӣ 704 ҳазору 434 нафар ба Русия интиқол дода шуданд. Аз ин теъдод 135 153 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд", - тавзеҳ дод Мизинтсев.
Мизинтсев афзуд, алакай 134 ҳазору 299 нафар тавассути долони башардӯстона дар Шарқ бидуни ширкати ҷониби Украина, аз ҷумла 716 нафар дар як рӯзи охир Мариуполро тарк кардаанд.
Ресторан быстрого питания Макдоналдс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
"Global Times": Ғарб натавонист Русияро бо таҳримҳо шикаст диҳад
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0