https://sputnik.tj/20220413/muzokirot-anjom-yoft-tojikiston-qirghiziston-tavofuq-1047602116.html
Музокирот анҷом ёфт: Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи чӣ ба тавофуқ расиданд?
Музокирот анҷом ёфт: Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи чӣ ба тавофуқ расиданд?
Sputnik Тоҷикистон
Тайи як музокироти яку нимсоатӣ ҷонибҳо тавофуқ карданд, протоколеро имзо кунанд, ки якеаш таҳқиқи мунсифонаи тирпаронии дишаба мебошад
2022-04-13T12:01+0500
2022-04-13T12:01+0500
2022-04-28T19:42+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
тавофуқ
протокол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047599781_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_b81d0fccc44a24e0c1d6a10c42b2d60e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Мулоқоти имрӯза дар деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ҳаммарз бо ҷамоати Хистеварзи ноҳия Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон сурат гирифтааст.Натиҷаи ин музокироти яку нимсоатӣ бо имзои як протокол мушаххас мешавад. Бинобар ин қарор аст, баъд аз зуҳри чоршанбе миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон протоколе имзо шавад, ки масоили фавқ, бахусус амнияти сокинони наздимарзии ду кишварро дар бар мегирад, дар ҳоле, ки умдатарин зарари моливу рӯҳӣ дар пайи даргириҳои марзӣ ба сокинони манотиқи марзии ду кишвар мерасад.Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи тирпаронии шаби гузаштаро баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки қӯшунҳои ҳар ду тараф ба маҳалли доимии худ баргардонида шаванд. Масъулон аз ҳар ду ҷониб хостори таъмини ҳаёти осоиштаи сокинони наздисарҳадӣ гардида, таъкид кардаанд, ки сабабу омилҳои муноқишаи ахир пурра омӯхта шавад.Ҳамзамон роҳбарони идораҳои хоҷагии об ва замини вилоятҳо ба мувофиқа расидаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ тақвият бахшида, бо назардошти манфиати тарафҳо аз захираҳои обии минтақа якҷо ва самаранок истифода намоянд.Дигар масъалаи калидии музокирот бо ҷониби Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар марз ин талоши ҳар ду ҷониб барои таъмини амнияти минбаъдаи мардуми осоиштаи наздимарзӣ будааст.Ёдрас менамоем, дирӯз, бегоҳ дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Жан Жери ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлак қарор дорад, тирпароние миёни марзбонони тоҷику қирғиз сурат гирифт.“Сабаби задухӯрди мусаллаҳона аз он шудааст, ки сардори қисми сарҳадбонии Қулундуи Қирғизистон бо мошини хидматиаш ба назди сарҳадбонони тоҷик омада, як баҳси лафзиро шуруъ намудааст. Вале то наздик шудани сарҳадбонони тоҷик ба назди ӯ ва шуруи гуфтушунид сарҳадбонони қирғиз аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар ин миён сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушодаанд, ки дар натиҷа як сарбози қирғиз захмӣ гардидааст” – гуфт, манбаъ.Баъди ин сарҳадбонони қирғиз сарбози захминшударо бо мошин бор карда, ба қафо баргашта, аз намудҳои гуногуни силоҳ ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд.
https://sputnik.tj/20220413/shomi-noorom-marzi-tojikistonu-qirghiziston-1047598174.html
https://sputnik.tj/20220413/holati-omodabosh-marzi-tojikistonu-qirghiziston-1047598010.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047599781_113:0:1073:720_1920x0_80_0_0_9421411234ff43c48fea0ed04b6f30a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, тавофуқ, тирпаронӣ, нерӯҳо, протокол
тоҷикистон, қирғизистон, марз, тавофуқ, тирпаронӣ, нерӯҳо, протокол
Музокирот анҷом ёфт: Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи чӣ ба тавофуқ расиданд?
12:01 13.04.2022 (Навсозишуда: 19:42 28.04.2022) Тайи як музокироти яку нимсоатӣ ҷонибҳо тавофуқ карданд, протоколеро имзо кунанд, ки якеаш таҳқиқи мунсифонаи тирпаронии дишаба мебошад
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Мулоқоти имрӯза дар деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ҳаммарз бо ҷамоати Хистеварзи ноҳия Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Натиҷаи ин музокироти яку нимсоатӣ бо имзои як протокол мушаххас мешавад. Бинобар ин қарор аст, баъд аз зуҳри чоршанбе миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон протоколе имзо шавад, ки масоили фавқ, бахусус амнияти сокинони наздимарзии ду кишварро дар бар мегирад, дар ҳоле, ки умдатарин зарари моливу рӯҳӣ дар пайи даргириҳои марзӣ ба сокинони манотиқи марзии ду кишвар мерасад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи тирпаронии шаби гузаштаро баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки қӯшунҳои ҳар ду тараф ба маҳалли доимии худ баргардонида шаванд.
Масъулон аз ҳар ду ҷониб хостори таъмини ҳаёти осоиштаи сокинони наздисарҳадӣ гардида, таъкид кардаанд, ки сабабу омилҳои муноқишаи ахир пурра омӯхта шавад.
Ҳамзамон роҳбарони идораҳои хоҷагии об ва замини вилоятҳо ба мувофиқа расидаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ тақвият бахшида, бо назардошти манфиати тарафҳо аз захираҳои обии минтақа якҷо ва самаранок истифода намоянд.
Дигар масъалаи калидии музокирот бо ҷониби Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар марз ин талоши ҳар ду ҷониб барои таъмини амнияти минбаъдаи мардуми осоиштаи наздимарзӣ будааст.
Ёдрас менамоем, дирӯз, бегоҳ дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Жан Жери ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлак қарор дорад, тирпароние миёни марзбонони тоҷику қирғиз сурат гирифт.
“Сабаби задухӯрди мусаллаҳона аз он шудааст, ки сардори қисми сарҳадбонии Қулундуи Қирғизистон бо мошини хидматиаш ба назди сарҳадбонони тоҷик омада, як баҳси лафзиро шуруъ намудааст. Вале то наздик шудани сарҳадбонони тоҷик ба назди ӯ ва шуруи гуфтушунид сарҳадбонони қирғиз аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар ин миён сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушодаанд, ки дар натиҷа як сарбози қирғиз захмӣ гардидааст” – гуфт, манбаъ.
Баъди ин сарҳадбонони қирғиз сарбози захминшударо бо мошин бор карда, ба қафо баргашта, аз намудҳои гуногуни силоҳ ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд.