Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳолати омодабош дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Амир ИсаевПограничники на таджикско-афганской границе
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Манобеъ аз кушта ё шадидан захмӣ шудани марзбонони тоҷику қирғиз дар паи даргирии ахир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Ҳамзамон гузоришҳо аз таҷаммуи нерӯҳои низомӣ дар имтидоди марзи ду кишвар мерасанд.
Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар пайи як даргирии кӯтоҳмуддат дар марз бо Қирғизистон ду сарбози тоҷик шадидан маҷруҳ шудааст ва якеи дигар ҳам ҷароҳати сабук бардоштааст.

“Ин иттифоқ дар қисмати марзии миёни рустои Жани Жери ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон иттифоқ афтодааст. Тирандозӣ дар пайи як ихтилофи лафзӣ миёни сарбозон ба вуқуъ пайвастааст”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол манобеи маҳаллӣ аз кушта шудани ду сарбози марзбони тоҷик ва захмӣ шудани як нафари дигар хабар медиҳанд. Ин иттилоъ то ба ҳол таъйид ё такзиб нашудааст. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани як сарбози Тоҷикистон хабар дода буд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара хабар медиҳанд, ки дар маҳаллаи Сомониёни ҷониби Тоҷикистон ва Кӯктоши Қирғизистон таҷаммуи нерӯҳои низомӣ дида мешавад. Сокинони ин маҳаллаҳо аз сӯйи низомиёни кӯч дода шудаанд.
Ҳамчунин тадорук дар қисмати марзи Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон ва Мақсади Қирғизистон низ мушоҳида шудааст.
Бино ба иттилои манобеъ, худи ҳамин бегоҳ раҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон сари мизи музокирот нишаста, ба ин натиҷа расидаанд, ки нерӯҳои изофӣ дар имтидоди марзро қафо кашанд.
Лентаи хабарҳо
0