https://sputnik.tj/20220413/hamkori-koreya-kishovarzi-taqviyat-1047608792.html
Ҳамкорӣ бо Корея дар бахши кишоварзӣ тақвият меёбад
Ҳамкорӣ бо Корея дар бахши кишоварзӣ тақвият меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
2022-04-13T15:10+0500
2022-04-13T15:10+0500
2022-04-13T17:24+0500
дар тоҷикистон
корея
кишоварзӣ
имзо
имзои ёддошти тафоҳум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102405/94/1024059479_0:115:3001:1803_1920x0_80_0_0_5d4a0ec9a587c10ea68a6a9004bd7a73.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз имзои Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея хабар дод.Манбаъ иттилоъ додааст, ки ахиран баъд аз мулоқоти Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Ли Ок Рён, раиси Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ маросими имзои санади мазкур сурат гирифт.Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот қайд гардидааст, ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои ҷалби таҷриба ва инноватсияи Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои обёрии қатрагӣ, гармхонаҳои шакли кореягӣ, смартфермаҳо, рақамикононии соҳаҳои чорводорӣ, растанипарварӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кишоварзии кишвар аз таҷрибаи Корея ва табодули донишҷӯён омода мебошад.Дар ҳамин ҳол ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Корея барои дар доираи лоиҳаҳои ҳаракати “Семаул Ундон” дастгирӣ намудани соҳаи кишоварзии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.Ҳамчунин манбаъ илова кардааст, ки дар мулоқоти судманд дурнамои ҳамкории минбаъда ва самтҳои ояндадори нав баррасӣ шуд.
https://sputnik.tj/20220410/tojikistonu-koreya-hamkori-muhojirat-gustarish-1047523049.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102405/94/1024059479_160:0:2829:2002_1920x0_80_0_0_ce009ad0abc0f141a9401ed093dc9db9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корея, имзои ёддошт, санад, ҳамкорӣ
тоҷикистон, корея, имзои ёддошт, санад, ҳамкорӣ
Ҳамкорӣ бо Корея дар бахши кишоварзӣ тақвият меёбад
15:10 13.04.2022 (Навсозишуда: 17:24 13.04.2022) Миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз имзои Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея хабар дод.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ахиран баъд аз мулоқоти Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Ли Ок Рён, раиси Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ маросими имзои санади мазкур сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот қайд гардидааст, ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои ҷалби таҷриба ва инноватсияи Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои обёрии қатрагӣ, гармхонаҳои шакли кореягӣ, смартфермаҳо, рақамикононии соҳаҳои чорводорӣ, растанипарварӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кишоварзии кишвар аз таҷрибаи Корея ва табодули донишҷӯён омода мебошад.
Дар ҳамин ҳол ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Корея барои дар доираи лоиҳаҳои ҳаракати “Семаул Ундон” дастгирӣ намудани соҳаи кишоварзии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
Ҳамчунин манбаъ илова кардааст, ки дар мулоқоти судманд дурнамои ҳамкории минбаъда ва самтҳои ояндадори нав баррасӣ шуд.