https://sputnik.tj/20220410/tojikistonu-koreya-hamkori-muhojirat-gustarish-1047523049.html
Тоҷикистону Корея ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷиратро густариш медиҳад
Тоҷикистону Корея ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷиратро густариш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Корея барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба худ дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ба сатҳи нав расонидани он бо Тоҷикистон омодааст
2022-04-10T19:40+0500
2022-04-10T19:40+0500
2022-04-11T13:59+0500
дар тоҷикистон
кореяи ҷанубӣ
ҳамкорӣ
муҳоҷират
ширин амонзода
вазорати меҳнат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044224361_0:175:1360:940_1920x0_80_0_0_569757458763b0ef646f0c26ef265bbf.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ахиран Амонзода Ширин, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари худ ба Кореяи Ҷанубӣ бо Вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати ин кишвар Ан Кёнг Дук дидору гуфтугӯ кард.Тавре Вазорати меҳнат хабар додааст, зимни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда барои муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ ба Ҷумҳурии Корея дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар рафти мулоқот ҳамчунин ба аҳамияти кумаки Вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнати Корея дар масъалаи огоҳии корфармоёни кореягӣ аз захираҳои кории Тоҷикистон махсусан таъкид шуд.Ан Кёнг Дук, вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати Корея ба рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар солҳои охир баҳои баланд дода, омодагии худро барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ба сатҳи нав расонидани он таъкид намуд.
https://sputnik.tj/20220410/imzoi-sozishnoma-koreyai-muhojiron-tojik-korhoi-mavsimi-1047522455.html
кореяи ҷанубӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044224361_0:48:1360:1068_1920x0_80_0_0_c6fd13d997d421d54d2defeada7dd33c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корея, муҳоҷират, густариш, ҳамкорӣ, шуғл, вазир, ширин амонзода
тоҷикистон, корея, муҳоҷират, густариш, ҳамкорӣ, шуғл, вазир, ширин амонзода
Тоҷикистону Корея ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷиратро густариш медиҳад
19:40 10.04.2022 (Навсозишуда: 13:59 11.04.2022) Корея барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ба сатҳи нав расонидани он бо Тоҷикистон худ изҳори омодагӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ахиран Амонзода Ширин, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари худ ба Кореяи Ҷанубӣ бо Вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати ин кишвар Ан Кёнг Дук дидору гуфтугӯ кард.
Тавре Вазорати меҳнат хабар додааст, зимни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда барои муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ ба Ҷумҳурии Корея дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
“Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди имкони густариши доираи кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Корея ва имзои созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Корея дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дархост кард”,- қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар рафти мулоқот ҳамчунин ба аҳамияти кумаки Вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнати Корея дар масъалаи огоҳии корфармоёни кореягӣ аз захираҳои кории Тоҷикистон махсусан таъкид шуд.
Ан Кёнг Дук, вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати Корея ба рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар солҳои охир баҳои баланд дода, омодагии худро барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ба сатҳи нав расонидани он таъкид намуд.