Раҳмон сарвазири нави Покистонро табрик кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки дар давраи фаъолияти сарвазири нави Покистон ҳамкориҳо байни ин ду давлат бештар равнақ меёбанд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба сарвазири нави Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат бо нашр намудани матни табрикнома хабар дод.

"Лутфан табрикоти самимии моро ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бипазиред", - омадааст дар матни муборакбодии Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идома роҳбари Тоҷикистон изҳори умедворӣ намудааст, ки дар замони фаъолияти Шаҳбоз Шариф муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Покистон бештар равнақ меёбанд.
Мо раванди рушди робитаҳои гуногунҷанбаи миёни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва алоқаманди боз ҳам ғанитар гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Президенти Тоҷикистон ба сарвазири нав комёбӣ ва ба мардуми Покистон сулҳу субот таманно кард.
Государственный деятель Пакистана Шехбаз Шариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Номзади мухолифин, Шариф нахуствазири нави Покистон интихоб шуд
Ёдовар мешавем, ки палатаи поёнии порлумони Покистон Шаҳбоз Шариф, раиси ҳизби мухолифи лигаи мусалмонони Покистонро нахуствазири нави ин кишвар интихоб кард.
Рӯзи шанбе парлумони Покистон изҳори нобоварӣ ба нахуствазир Имрон Хон кард. Ба тарафдории ин қарор 174 вакил овоз доданд, ки барои ин кор 172 райъ лозим буд. Имрон Хон дертар аз оғози муборизаи озодихоҳӣ ба муқобили фитнагариҳои хориҷӣ хабар дод.
Дар остонаи раъйдиҳӣ барои номзадии нахуствазир даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорони Имрон Хон ва Ҳизби таҳрики инсоф ба хиёбонҳо рехтанд, то дастгирии худро баён кунанд.
Шаҳбоз Шарифи ҳафтодсола бародари хурдии Навоз Шариф аст, ки се бор дар мақоми нахуствазири Покистон кор кардааст. Ҳамчунин Шаҳбоз Шариф сарвазири Панҷоб, пураҳолитарин вилояти Покистон буд ва ӯ як қатор лоиҳаҳои бузурги зерсохтӣ, аз ҷумла аввалин системаи муосири нақлиёти ҷамъиятии Покистонро дар зодгоҳаш, Лоҳур ба нақша гирифта ва амалӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0