https://sputnik.tj/20220412/didor-namoyandagon-tojik-qirghiz-marz-1047568340.html
Дидори намояндагони тоҷику қирғиз дар марз: аз ҳамсоядорӣ ва пешгирии муноқишаҳо гуфтанд
Дидори намояндагони тоҷику қирғиз дар марз: аз ҳамсоядорӣ ва пешгирии муноқишаҳо гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо зикр намуданд, ки тоҷикону қирғизҳо асрҳо дар канори ҳам зиндагӣ мекарданд ва бояд анъаназои неки ҳамсоядорӣ риоя карда шавад
2022-04-12T13:15+0500
2022-04-12T13:15+0500
2022-04-12T14:08+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047568848_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_81c8ce03d878c20cd3da5fd875a04891.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар гузаргоҳи сарҳадии Гулистони шаҳри Исфара мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар доданд.Ба иттилои манбаъ, мулоқоти навбатӣ рӯзи 12 апрел миёни раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори кишвардори Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев баргузор шуд.Гуфта мешавад, зимни суҳбат ҷонибҳо хостори тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирӣ кардан аз муноқишаҳо ва ё ҳолатҳое, ки боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, шуданд.Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон изҳор доштанд, ки мардумони ин ду кишвар асрҳо дар канори ҳам зиндагӣ мекарданд ва бояд анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ риоя карда шавадИлова бар ин таъмин намудани амнияти сокинони Тоҷикистону Қирғизистон аз масъалаи дигаре буд, ки мавриди баҳси ҷонибҳо қарор гирифт. Дар ин самт қайд гардид, ки ҷонибҳо бояд дар ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ кор кунанд.Ҳамчунин масъалаи истифодаи захираҳои обӣ низ баррасӣ шуд ва ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар сатҳи муовинони раисони вилояту роҳбарони идораҳои обёрии ду тараф гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуд, аммо феълан вазъ ором астҚаблан гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.Мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо аз 5 то 10 апрел дар Душанбе баргузор шудааст.Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки иштирокчиёни ин машваратҳо протоколеро низ имзо карданд.
https://sputnik.tj/20220411/tojikiston-qirghiziston-marz-1047534783.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047568848_0:0:852:639_1920x0_80_0_0_15524b846fdfb80cf7528c37528f0b06.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон тоҷикистон марз
қирғизистон тоҷикистон марз
Дидори намояндагони тоҷику қирғиз дар марз: аз ҳамсоядорӣ ва пешгирии муноқишаҳо гуфтанд
13:15 12.04.2022 (Навсозишуда: 14:08 12.04.2022) Ҷонибҳо зикр намуданд, ки тоҷикону қирғизҳо асрҳо дар канори ҳам зиндагӣ мекарданд ва бояд анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ риоя карда шавад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар гузаргоҳи сарҳадии Гулистони шаҳри Исфара мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти навбатӣ рӯзи 12 апрел миёни раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори кишвардори Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев баргузор шуд.
Гуфта мешавад, зимни суҳбат ҷонибҳо хостори тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирӣ кардан аз муноқишаҳо ва ё ҳолатҳое, ки боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, шуданд.
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон изҳор доштанд, ки мардумони ин ду кишвар асрҳо дар канори ҳам зиндагӣ мекарданд ва бояд анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ риоя карда шавад
Илова бар ин таъмин намудани амнияти сокинони Тоҷикистону Қирғизистон аз масъалаи дигаре буд, ки мавриди баҳси ҷонибҳо қарор гирифт. Дар ин самт қайд гардид, ки ҷонибҳо бояд дар ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ кор кунанд.
Ҳамчунин масъалаи истифодаи захираҳои обӣ низ баррасӣ шуд ва ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар сатҳи муовинони раисони вилояту роҳбарони идораҳои обёрии ду тараф гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
Қаблан гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.
Мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо аз 5 то 10 апрел дар Душанбе баргузор шудааст.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки иштирокчиёни ин машваратҳо протоколеро низ имзо карданд.