Путин ваъда дод, ки ба сӯйи Моҳ киштии кайҳонӣ партоб хоҳад кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонк Президент РФ Владимир Путин
 Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Русия нақшаҳои худро дар соҳаи кайҳонӣ пайваста амалӣ хоҳад кард ва барномаи партоби киштии кайҳонии "Луна-25"-ро аз сар мегирад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар маросими супоридани ҷоизаҳои давлатӣ ба кайҳоннавардони рус дар космодроми "Восточний" гуфт, Русия барномаи "Луна-25"-ро аз сар мегирад.
"Мо барномаи Моҳро аз сар мегирем, сухан дар бораи партоби киштии кайҳонии "Луна-25" аз космодроми "Восточний" меравад", — гуфт президент.
Ба гуфтаи Путин, Русия ният дорад, корҳоро дар бунёди як киштии нақлиётии насли нав ва технологияҳои энержии кайҳонии ҳастаӣ идома диҳад.
Вай афзуд, ин кишвар аллакай дар ин самт оғози хеле хуб ва "бартарии комилан рӯшан" дорад.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Номи 6 кишвар - муттаҳидони Путин дар Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ гуфта шуд
Илова бар ин кишвардор гуфт, Русия сарфи назар аз фишорҳои берунӣ ҳама нақшаҳояшро дар ин самт пайваста ва суботкорона амалӣ хоҳад кард.
"Насли созандагони барномаи миллии мушакӣ ва кайҳонӣ ба мо на танҳо як ақибмонии бузурги технологӣ, балки арзишҳоеро низ гузоштанд, ки мо имрӯз онро ба назар мегирем", - гуфт Путин.
"Global Times" гуфт, ки қудрати рубл дар чист
Владимир Путин ҳамчунин афзуд, ки сарфи назар аз ҳама гуна мушкилот ва кӯшишҳои дахолат ба умури Русия саноати кайҳонӣ ҳама нақшаҳоро пайгирона ва суботкорона амалӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0