https://sputnik.tj/20220412/muttahidon-putin-jang-seum-jahon-1047560452.html
Номи 6 кишвар - муттаҳидони Путин дар Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ гуфта шуд
Номи 6 кишвар - муттаҳидони Путин дар Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ гуфта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ғарб НАТО дорад ва Русия ҳампаймонҳои қавӣ дорад, ки омодаанд дар сурати сар задани низоъ онро дастгирӣ кунанд: ин давлатҳо қаблан ба таҳримҳо ва таҷовуз алайҳи Маскав ҳамроҳ нашудаанд
2022-04-12T07:00+0500
2022-04-12T07:00+0500
2022-04-12T13:24+0500
владимир путин
дар русия
дар ҷаҳон
сиёсат
ҷанги сеюми ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/04/1039982243_0:0:3247:1827_1920x0_80_0_0_90d386264bf6660bab90ceae9a0dbabd.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Агар Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ сар шавад, Русияро 6 кишвар дастгирӣ мекунанд. Дар ин бора "Daily Express" менависад. Нашрия қайд мекунад, ки бо оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия дар Украина тарсу ҳарос дар бораи як даргирии васеъмиқёси мусаллаҳона ба вуҷуд омадааст. Ғарб кайҳо иттиҳоди низомӣ таъсис додааст, аммо Маскав ҳампаймонҳои қавӣ пайдо кардааст. Дар байни онҳо нашрияи "Daily Express" дар ҷои якум Покистонро мегузорад. Дар остонаи оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс нахуствазири собиқи ин ҷумҳурӣ Имрон Хон дар ҷараёни сафараш ба Маскав тақозоҳои Ғарб дар бораи садо баланд кардан алайҳи Русияро рад кард.Ҳамин тариқ Покистон яке аз чанд давлате боқӣ монд, ки аз раъйдиҳӣ дар бораи қатъномаи зидди Русия дар Маҷмаи умумии СММ худдорӣ карданд. Дар ҷои дуюм дар байни муттаҳидони эҳтимолии Маскав дар Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ Чин аст. Ин кишвар баргузории амалиёти вижа барои ҳифзи Донбассро маҳкум накарда, ҳамчунин аз пайвастан ба таҳримҳои зидди Русия худдорӣ кардааст. Ба ҷои ин Пекин ба тааҳҳуди худ ба бетарафӣ таъкид ва равобити Чину Русияро шарики стратегӣ тавсиф кард.Ҳиндустон ҷои сеюмро гирифт. Мақомоти он низ бо вуҷуди фишорҳои ИМА ба маҳдудиятҳо алайҳи Маскав ҳамроҳ нашуданд. Онҳо ёдовар шуданд, ки Русия бузургтарин таъминкунандаи силоҳ ба ин кишвар аст. Дар зинаи чаҳорум нашрияи "Daily Express" Африқои Ҷанубиро гузошт. Муносиботи байни кишварҳо дар вақтҳои охир хеле гармтар шуданд. Масалан Ҷейкоб Зума, раисҷумҳури пешини президенти Русия Владимир Путинро сулҳхоҳ ва кишварҳои ғарбиро ҷангҷӯ номид.Бразилия ва Мексика дар ҷойҳои панҷум ва шашум қарор доранд. Ҳар ду давлат алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ накарданд ва ҳамчунин аз иттиҳому айбдоркунии Русия худдорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20220409/antonov-tahdid-dargiri-mustaqim-nizom-ima-1047499058.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/04/1039982243_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4ac3d8ed00ab3a451335eb545a47488d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муттаҳидон путин ҷанг сеюм ҷаҳон
муттаҳидон путин ҷанг сеюм ҷаҳон
Номи 6 кишвар - муттаҳидони Путин дар Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ гуфта шуд
07:00 12.04.2022 (Навсозишуда: 13:24 12.04.2022) Ғарб НАТО ва Русия ҳампаймонҳои қавӣ дорад, ки омодаанд, дар сурати сар задани низоъ онро дастгирӣ кунанд: ин давлатҳо қаблан ба таҳримҳо ва таҷовуз алайҳи Маскав ҳамроҳ нашудаанд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Агар Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ сар шавад, Русияро 6 кишвар дастгирӣ мекунанд. Дар ин бора "Daily Express" менависад.
Нашрия қайд мекунад, ки бо оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия дар Украина тарсу ҳарос дар бораи як даргирии васеъмиқёси мусаллаҳона ба вуҷуд омадааст.
Ғарб кайҳо иттиҳоди низомӣ таъсис додааст, аммо Маскав ҳампаймонҳои қавӣ пайдо кардааст.
Дар байни онҳо нашрияи "Daily Express" дар ҷои якум Покистонро мегузорад.
Дар остонаи оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс нахуствазири собиқи ин ҷумҳурӣ Имрон Хон дар ҷараёни сафараш ба Маскав тақозоҳои Ғарб дар бораи садо баланд кардан алайҳи Русияро рад кард.
Ҳамин тариқ Покистон яке аз чанд давлате боқӣ монд, ки аз раъйдиҳӣ дар бораи қатъномаи зидди Русия дар Маҷмаи умумии СММ худдорӣ карданд.
Дар ҷои дуюм дар байни муттаҳидони эҳтимолии Маскав дар Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ Чин аст.
Ин кишвар баргузории амалиёти вижа барои ҳифзи Донбассро маҳкум накарда, ҳамчунин аз пайвастан ба таҳримҳои зидди Русия худдорӣ кардааст. Ба ҷои ин Пекин ба тааҳҳуди худ ба бетарафӣ таъкид ва равобити Чину Русияро шарики стратегӣ тавсиф кард.
Ҳиндустон ҷои сеюмро гирифт. Мақомоти он низ бо вуҷуди фишорҳои ИМА ба маҳдудиятҳо алайҳи Маскав ҳамроҳ нашуданд. Онҳо ёдовар шуданд, ки Русия бузургтарин таъминкунандаи силоҳ ба ин кишвар аст.
Дар зинаи чаҳорум нашрияи "Daily Express" Африқои Ҷанубиро гузошт. Муносиботи байни кишварҳо дар вақтҳои охир хеле гармтар шуданд.
Масалан Ҷейкоб Зума, раисҷумҳури пешини президенти Русия Владимир Путинро сулҳхоҳ ва кишварҳои ғарбиро ҷангҷӯ номид.
Бразилия ва Мексика дар ҷойҳои панҷум ва шашум қарор доранд. Ҳар ду давлат алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ накарданд ва ҳамчунин аз иттиҳому айбдоркунии Русия худдорӣ карданд.