Оё даврони нав фаро мерасад? Дар Тоҷикистон суръати интернетро "метезонанд"

© PixabayЧеловек держит мобильный телефон в руках, архивное фото
Человек держит мобильный телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Аз аввали соли 2022 дар саросари кишвар беш аз 40 истгоҳи базавӣ ба истифода дода шуд, ки имкон медиҳад, видеоро бидуни ист тамошо кард
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар 14 ноҳияи Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ ва фарохмаҷрои шабака афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста" бо такя ба ширкати "Мегафон Тоҷикистон".
Гуфта мешавад, пойгоҳҳои нав насб шудаанд, ки имкон медиҳанд, технологияи 4G такмил дода шаванд. Онҳо метавонанд якбора дар ду басомад кор кунанд.
Ба гуфтаи директори фаннии ширкат Рафил Аглямов, акнун соҳиби смартфон метавонад ба як хешовандаш дар навоҳии ҳамсоя видео фиристад, ки ӯ метавонад онро бидуни ист, бемамониат тамошо кунад.

"Албатта, худи таҷҳизот дар ин мавзеъҳо қаблан пайдо шуда буд. Омодагӣ барои ба кор андохтани танҳо як пойгоҳи базавӣ чанд моҳ тӯл мекашад, ин як раванди хеле печида ва тӯлонӣ аст", - гуфт ӯ.

Васеъ кардани сети он пеш аз ҳама дар навоҳие, ки зичии аҳолӣ хеле зиёд аст, ба амал бароварда шуд.
Ҳамин тариқ дар Душанбе, ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор ва шаҳри Турсунзода ҳудуди 30 пойгоҳи базавии ширкатҳо пайдо шуданд.
Мужчина со смартфоном в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Қимати интернет дар Тоҷикистон афзуд: муштарипулӣ ҷорӣ кардаанд
Дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд, дар навоҳии Панҷакент, Гулистон, Айнӣ ва Зафаробод суръати интернети мобилӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ҷануб, дар вилояти Хатлон, дар марказҳои вилоятҳои Ёвон, Фархор, Балх, Муъминобод ва Исмоили Сомонӣ суръати интернет беҳтар шудааст.
Мушаххас карда мешавад, ки басомади иловагии пойгоҳҳои базавӣ метавонад ба таври назаррас "маҷрои таҷҳизоти алоқаро васеъ кунад", то дастрасӣ ба интернети баландсуръат беҳтар шавад.
Лентаи хабарҳо
0