Арабистони Саудӣ дар ҳамоиши Душанбе ширкат хоҳад кард

© Вазорати корҳои хориҷӣМулоқоти сафири Арабистони Саудӣ бо муовини варизи корҳои хориҷии Тоҷикистон
Мулоқоти сафири Арабистони Саудӣ бо муовини варизи корҳои хориҷии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Арабистони Саудӣ изҳори омодагӣ кард, ки намояндаашро ба корфронси сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон баргузор карда мешавад, хоҳад фиристод
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Рушайдон дидору мулоқот кард.
Дар ин бора Вазорати корҳо хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар рафти ин вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар мавриди Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гуфтугӯ кардаанд.
Ин ҳамоиш таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор мешавад.
Имзои созишномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Арабистони Саудӣ 600 кӯдаки ятими тоҷикро кумак мекунад
Замон ва макони баргузории ҳамоиш 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе гуфта мешавад.
Ҳамин тавр дар ин росто сафири Арабистони Саудӣ ба омодагии кишвараш барои иштирок дар чорабинии мазкур дар сатҳи муносиб таъкид кардааст.
Лентаи хабарҳо
0