https://sputnik.tj/20220330/arabistoni-saudi-kudak-yatim-tojik-kumak-1047213012.html
Арабистони Саудӣ 600 кӯдаки ятими тоҷикро кумак мекунад
Арабистони Саудӣ 600 кӯдаки ятими тоҷикро кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон ба 600 нафар кӯдакони ятим кумаки ҳармоҳаи пулӣ мерасонад
2022-03-30T22:00+0500
2022-03-30T22:00+0500
2022-03-30T22:00+0500
дар тоҷикистон
ҳилоли аҳмар
кӯмак
шоҳ салмон
арабистони саудӣ
кӯдакон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1e/1047212979_0:0:800:450_1920x0_80_0_0_b81df5f490bebc65458f5899c6dae977.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) тайи 12 моҳ ба 600 нафар кӯдаки ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ кумаки ҳармоҳаи молиявӣ мерасонад, иттилоъ додааст маркази иттилооти ҶҲАТ.Тибқи иттилои манбаъ, дар робита ба ин ахиран дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе миёни ҶҲАТ ва Маркази имдоду корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон созишномае дар бораи оғози лоиҳаи “Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон” дар соли 2022 ба имзо расид.“Дар марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур давоми 12 моҳ 600 нафар аз кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дастгирӣ меёбанд. Дастгирии ҳар кӯдаки ятим тавассути кушодани корти бонкӣ ба онҳо амалӣ гардида, мувофиқи созишнома, ҳар моҳ маблағи 100 доллар бо қурби асъори миллии Тоҷикистон — сомонӣ ба корти бонкии ятимони интихобшуда мегузарад”, - таъкид кардааст ҶҲАТ.Лоиҳаи мазкур ба дастгирии 500 нафар аз кӯдакони ятими шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Норак, Хуросон, Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Леваканд, Ёвон, А.Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷи вилояти Хатлон ва 100 нафар аз кӯдакони ятими шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ ихтисос ёфтааст.Бо мувофиқа ва пешниҳоди рӯйхатҳо аз тарафи мақомоти шаҳру ноҳияҳои зикршуда 600 нафар аз кӯдакони ятим номнавис гардида, ҳуҷҷатҳои онҳо пурра дар махзани иттилоотии ҶҲАТ сабт шудаанд.Бояд кайд намуд, ки бори аввал 4 феврали соли 2020 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Маркази имдод ва кумакхои хайриявии Шоҳ Салмони Шохигарии Арабистони Саудӣ, ки тайи чанд сол боз шарики доимии ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, чанд лоиҳаро дастгирӣ намудааст, дар бораи лоиҳаи “Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон” созишнома имзо кард.Тавассути ин созишнома 500 нафар аз кӯдакони ятим аз 16 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дастгирӣ ёфтаанд. Муҳлати татбиқи лоиҳа, тибқи созишнома як сол буда, ҳар як кӯдак дорои корти бонкӣ гардид, ки мувофиқи он, ҳар моҳ маблағи 100 доллари ИМА бо сомонӣ ба корти бонкии ятимони интихобшуда мегузашт. Ин лоиҳа моҳи июли соли 2021 ба анҷом расид.Ҳамзамон бояд гуфт, айни замон дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ду лоиҳа барои дастгирии ятимон амал менамояд, ки онҳо аз ҷониби Маркази имдод ва кумакҳои хайриявии Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сармоягузорӣ мешаванд ва аз ин тариқ дар маҷмуъ 1414 нафар аз кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Точикистон кумак дарёфт менамоянд.
https://sputnik.tj/20220327/rusiya-ukraina-kumak-1047102225.html
https://sputnik.tj/20220318/tojikiston-bonki-jahon-bunyod-makotib-1046889242.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1e/1047212979_85:0:685:450_1920x0_80_0_0_5570518fb634fffe512379effcdbb7bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арабистони саудӣ, кӯдак, ятими тоҷик, кумак ҷамъияти ҳилоли аҳмари тоҷикистон
тоҷикистон, арабистони саудӣ, кӯдак, ятими тоҷик, кумак ҷамъияти ҳилоли аҳмари тоҷикистон
Арабистони Саудӣ 600 кӯдаки ятими тоҷикро кумак мекунад
Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон ба 600 нафар кӯдаки ятим кумаки ҳармоҳаи пулӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) тайи 12 моҳ ба 600 нафар кӯдаки ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ кумаки ҳармоҳаи молиявӣ мерасонад, иттилоъ додааст маркази иттилооти
ҶҲАТ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар робита ба ин ахиран дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе миёни ҶҲАТ ва Маркази имдоду корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон созишномае дар бораи оғози лоиҳаи “Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон” дар соли 2022 ба имзо расид.
“Дар марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур давоми 12 моҳ 600 нафар аз кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дастгирӣ меёбанд. Дастгирии ҳар кӯдаки ятим тавассути кушодани корти бонкӣ ба онҳо амалӣ гардида, мувофиқи созишнома, ҳар моҳ маблағи 100 доллар бо қурби асъори миллии Тоҷикистон — сомонӣ ба корти бонкии ятимони интихобшуда мегузарад”, - таъкид кардааст ҶҲАТ.
Лоиҳаи мазкур ба дастгирии 500 нафар аз кӯдакони ятими шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Норак, Хуросон, Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Леваканд, Ёвон, А.Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷи вилояти Хатлон ва 100 нафар аз кӯдакони ятими шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ ихтисос ёфтааст.
Бо мувофиқа ва пешниҳоди рӯйхатҳо аз тарафи мақомоти шаҳру ноҳияҳои зикршуда 600 нафар аз кӯдакони ятим номнавис гардида, ҳуҷҷатҳои онҳо пурра дар махзани иттилоотии ҶҲАТ сабт шудаанд.
Бояд кайд намуд, ки бори аввал 4 феврали соли 2020 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Маркази имдод ва кумакхои хайриявии Шоҳ Салмони Шохигарии Арабистони Саудӣ, ки тайи чанд сол боз шарики доимии ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, чанд лоиҳаро дастгирӣ намудааст, дар бораи лоиҳаи “Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон” созишнома имзо кард.
Тавассути ин созишнома 500 нафар аз кӯдакони ятим аз 16 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дастгирӣ ёфтаанд. Муҳлати татбиқи лоиҳа, тибқи созишнома як сол буда, ҳар як кӯдак дорои корти бонкӣ гардид, ки мувофиқи он, ҳар моҳ маблағи 100 доллари ИМА бо сомонӣ ба корти бонкии ятимони интихобшуда мегузашт. Ин лоиҳа моҳи июли соли 2021 ба анҷом расид.
Ҳамзамон бояд гуфт, айни замон дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ду лоиҳа барои дастгирии ятимон амал менамояд, ки онҳо аз ҷониби Маркази имдод ва кумакҳои хайриявии Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сармоягузорӣ мешаванд ва аз ин тариқ дар маҷмуъ 1414 нафар аз кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Точикистон кумак дарёфт менамоянд.