https://sputnik.tj/20220411/rektor-nav-donishgoh-khujand-1047548533.html
Таъйиноти кадрӣ: ректори нави Донишгоҳи Хуҷанд кист?
Таъйиноти кадрӣ: ректори нави Донишгоҳи Хуҷанд кист?
Sputnik Тоҷикистон
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин гардид
2022-04-11T18:11+0500
2022-04-11T18:11+0500
2022-04-28T19:40+0500
хуҷанд
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
тағйироти кадрӣ дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0b/1047547715_0:83:949:616_1920x0_80_0_0_09a505a1a767419d399bc01a3d8c81c4.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон Усмонзода Аюб Ислом, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин шудааст. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз ин донишгоҳ хабар доданд. Бо рафтани Ҷамшед Ҷӯразода, беш аз як моҳ бо ин тараф курси ректор дар ин донишгоҳ холӣ буд. Усмонзода Аюб Ислом бо қарори ҳукумат ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин гардид. Усмонзода Аюб Ислом кист?Аюб Усмонзода 3 марти соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1995 Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров, факултети таърихро хатм кардааст. Ихтисосаш муаллими таърих ва ҷомеашинос, методисти корҳои тарбиявӣ низ гуфта мешавад. Фаъолияти меҳнатии УсмонзодаСолҳои 1989-1991 сарпионервожати мактаби миёнаи № 15-и Хуҷанд, солҳои 1991-1993 ҷонишини директор оид ба қисми хоҷагӣ ва муаллими таърихи мактаби миёнаи № 9.Солҳои 1993-1994 ба ҳайси муаллими таърихи мактаби миёнаи № 15 кор карда, солҳои 1994-1996 танзимгари факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст.Солҳои 1996-1996 чун котиби шуъбаи таълим ва солҳои 1996-1998 муаллим-муҳаққиқи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б фаъолият кардааст.Солҳои 1998-1999 ӯ ба ҳайси муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва соли 2019 номзади илмҳои таърих, доктори илмҳои таърих шудааст.Солҳои 1999-2000 муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 2000 дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров будааст.Солҳои 2003-2003 мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 2003-2010 ҷонишини раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ҳамин донишгоҳ будааст.Солҳои 2010-2019 раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи мазкур ва аз 28.08.2019 то 11.04. 2022 муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров будааст.
https://sputnik.tj/20220126/barkanori-mansab-rano-hoshimzoda-guliston-1045163174.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0b/1047547715_0:0:949:712_1920x0_80_0_0_48c287d4103e78ee40e7b97a1731583d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ректор, донишгоҳ, хуҷанд,
ректор, донишгоҳ, хуҷанд,
Таъйиноти кадрӣ: ректори нави Донишгоҳи Хуҷанд кист?
18:11 11.04.2022 (Навсозишуда: 19:40 28.04.2022) Дар соҳаи маорифи Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифта, ректори нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон Усмонзода Аюб Ислом, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Бо рафтани Ҷамшед Ҷӯразода, беш аз як моҳ бо ин тараф курси ректор дар ин донишгоҳ холӣ буд.
Усмонзода Аюб Ислом бо қарори ҳукумат ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин гардид.
Усмонзода Аюб Ислом кист?
Аюб Усмонзода 3 марти соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1995 Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров, факултети таърихро хатм кардааст.
Ихтисосаш муаллими таърих ва ҷомеашинос, методисти корҳои тарбиявӣ низ гуфта мешавад.
Фаъолияти меҳнатии Усмонзода
Солҳои 1989-1991 сарпионервожати мактаби миёнаи № 15-и Хуҷанд, солҳои 1991-1993 ҷонишини директор оид ба қисми хоҷагӣ ва муаллими таърихи мактаби миёнаи № 9.
Солҳои 1993-1994 ба ҳайси муаллими таърихи мактаби миёнаи № 15 кор карда, солҳои 1994-1996 танзимгари факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст.
Солҳои 1996-1996 чун котиби шуъбаи таълим ва солҳои 1996-1998 муаллим-муҳаққиқи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б фаъолият кардааст.
Солҳои 1998-1999 ӯ ба ҳайси муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва соли 2019 номзади илмҳои таърих, доктори илмҳои таърих шудааст.
Солҳои 1999-2000 муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 2000 дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров будааст.
Солҳои 2003-2003 мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 2003-2010 ҷонишини раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ҳамин донишгоҳ будааст.
Солҳои 2010-2019 раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи мазкур ва аз 28.08.2019 то 11.04. 2022 муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров будааст.