https://sputnik.tj/20220126/barkanori-mansab-rano-hoshimzoda-guliston-1045163174.html
Раъно Ҳошимзода аз Бӯстон ба Гулистон рафт: идомаи таъйиноти кадрӣ дар Суғд
Раъно Ҳошимзода аз Бӯстон ба Гулистон рафт: идомаи таъйиноти кадрӣ дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Бӯстон аз вазифааш барканор ва ба мансаби нав таъйин карда шудааст
2022-01-26T15:27+0500
2022-01-26T15:27+0500
2022-01-26T18:39+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
раис
суғд
тағйирот
кадрӣ
бӯстон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/21/1030632107_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_ba3a8c0431811728ca1c9fdf635babad.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Раъно Ҳошимзодаро ба мақоми нав таъйин кардаст. Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, Ҳошимзода аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстон барканор шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Бахтиёр Саидаҳмадзодаро иваз намуд. Дар бораи вазифаи ҷадиди Саидаҳмадзода феълан иттилоъ дар даст нест. Раъно Ҳошимзода, ки ба мақоми роҳбарии Гулистон расид, ҳоло ягона шаҳрдори зан дар Суғд гуфта мешавад. Гулистон яке аз шаҳрҳои санотии Суғд мебошад, ки саҳми он дар иҷрои нақшаи андоз бориз арзёбӣ мегардад. Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Раъно Ҳошимзодаи 53-сола зодаи шаҳри Хуҷанд, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ аст, ки унвони номзади илмҳои иқтисодиро низ дорад. Ӯ фаъолияташро аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳайси муаллими кафедраи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оғоз кардааст. Вай солҳои 2015-2017 ба ҳайси декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2018 то ин вақт мавсуф раиси шаҳри Бӯстони Суғд буд. Ин зани мансабдор оиладор ва модари чаҳор фарзанд аст, омадааст дар ҳолнома.
https://sputnik.tj/20220126/tayinot-kadr-sughd-barkanori-raisi-asht-noib-ahmadzoda-1045159957.html
суғд
бӯстон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/21/1030632107_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_1920791ab9388be1581824ec586c69c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раъно, хошимзода, бӯстон, гулистон
раъно, хошимзода, бӯстон, гулистон
Раъно Ҳошимзода аз Бӯстон ба Гулистон рафт: идомаи таъйиноти кадрӣ дар Суғд
15:27 26.01.2022 (Навсозишуда: 18:39 26.01.2022) Раиси шаҳри Бӯстон аз вазифааш барканор ва ба мансаби нав таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Раъно Ҳошимзодаро ба мақоми нав таъйин кардаст.
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, Ҳошимзода аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстон барканор шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Бахтиёр Саидаҳмадзодаро иваз намуд. Дар бораи вазифаи ҷадиди Саидаҳмадзода феълан иттилоъ дар даст нест.
Раъно Ҳошимзода, ки ба мақоми роҳбарии Гулистон расид, ҳоло ягона шаҳрдори зан дар Суғд гуфта мешавад.
Гулистон яке аз шаҳрҳои санотии Суғд мебошад, ки саҳми он дар иҷрои нақшаи андоз бориз арзёбӣ мегардад.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Раъно Ҳошимзодаи 53-сола зодаи шаҳри Хуҷанд, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ аст, ки унвони номзади илмҳои иқтисодиро низ дорад.
Ӯ фаъолияташро аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳайси муаллими кафедраи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оғоз кардааст. Вай солҳои 2015-2017 ба ҳайси декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2018 то ин вақт мавсуф раиси шаҳри Бӯстони Суғд буд. Ин зани мансабдор оиладор ва модари чаҳор фарзанд аст, омадааст дар ҳолнома.