Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қодиров ваъда дод, ки тамоми шаҳрҳои Украинаро аз "шайтонҳо" озод мекунанд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Раҳбари Чеченистон ваъда дод, ки тамоми шаҳрҳои Украинаро аз “шайтонҳо” озод мекунанд ва як қадам қафо монданӣ нестанд
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон гуфт, пурра озод кардани Луганск ва Донетск “аз фашистону шайтонҳо” ва сипас “ҳамаи шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Киев" барои онҳо дар авлавият қарор дорад.
Ӯ гуфтааст, ки "кори мо тоҳоҷумӣ хоҳад буд. На танҳо дар Мариупол, балки дар тамоми дигар шаҳракҳо ва деҳот. Пеш аз ҳама мо Луганск ва Донетскро комилан озод мекунем".
"Ин аст вазифае, ки сарфармондеҳи олӣ, президенти муҳтарами мо Владимир Владимирович Путин ба миён гузоштааст. Ва он гоҳ мо Киев ва тамоми шаҳрҳои дигарро хоҳем гирифт”, - гуфт Қодиров дар паёми видеоии худ дар канали "Telegram"-аш.
Дар айни замон ӯ шарҳ дод, ки мақсад аз худ кардани шаҳрҳо не, балки "нобуд кардани бендерҳо" мебошад.

"Ҳадафи мо гирифтани шаҳрҳо нест, балки ҳадафи мо нест кардани ин бендер, фашист ва шайтонҳост", - гуфт ӯ.

Қодиров афзуд, ки як қадам ҳам ба ақиб нахоҳад рафт ва ин иқдоми хайрхоҳонаро ба истилоҳ дӯстон нодуруст фаҳмиданд.
Қаблан Қодиров гуфта буд, ки садҳо ихтиёрӣ барои ширкат дар амалиёти вижа дар Украина ба Грозний меоянд.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров аз низомиёни Украина даъват кард, ки таслим шаванд
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Лентаи хабарҳо
0