https://sputnik.tj/20220410/qodirov-nizomiyon-ukraina-davat-taslim-1047510481.html
Қодиров аз низомиёни Украина даъват кард, ки таслим шаванд
Қодиров аз низомиёни Украина даъват кард, ки таслим шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Чеченистон ба низомиёни украинӣ пешниҳод намудааст, ки аз фурсати мавҷуд истифода баранд, вагар на дер мешавад 10.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-10T09:30+0500
2022-04-10T09:30+0500
2022-04-11T18:44+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
рамазон қодиров
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032541945_0:122:2401:1473_1920x0_80_0_0_5bb1ac441f02f022d3f86cd9e6dba683.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон аз низомиёни артиши Украина даъват кард, ки таслим шаванд.Вай қайд кард, ки агар аз ин имкон истифода баранд, шонси баргаштан ба назди оилаҳои худро пайдо мекунанд.Ёдовар мешавем, ки музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд.Ҷонибҳо чаҳор мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор карданд, мулоқотҳо онлайнӣ низ баргузор мешаванд.Ҳайати Русияро ёвари президент Владимир Мединский раҳбарӣ мекунад. Дар он ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, сафир дар Беларус Борис Гризлов, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва муовини вазири дифоъ Александр Фомин низ ҳузур доштанд.Ба ҳайати Украина вазири дифоъ Алексей Резников, раиси фраксияи "Хизматгори халқ" дар Верховная Рада Давид Арахамия ва мушовири раиси Дастгоҳи президент Михайло Подоляк дохиланд.Илова бар ин рӯзи 10 март дар ҳошияи форуми дипломатӣ дар Анталия мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба баргузор шуд.Дар Истанбули Туркия рӯзи 29 март як мулоқоти навбатии рӯ ба рӯ баргузор шуд, ки дар пайи он аз пешравиҳои назаррас гузориш дода шуд.
https://sputnik.tj/20220409/antonov-amaliyot-vizha-kiev-genotsid-1047495932.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032541945_138:0:2263:1594_1920x0_80_0_0_944d9f9ac4ac5b4106c8e5e9386c81f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рамазон қодиров, украина
Қодиров аз низомиёни Украина даъват кард, ки таслим шаванд
09:30 10.04.2022 (Навсозишуда: 18:44 11.04.2022) Раисҷумҳури Чеченистон ба низомиёни украинӣ пешниҳод намудааст, ки аз фурсати мавҷуд истифода баранд, вагар на дер мешавад
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон аз низомиёни артиши Украина даъват кард, ки таслим шаванд.
"Ман аз сарбозони артиши Украина даъват мекунам, ки аз ақли худ кору бо фармондеҳони мо тамос гиранд ва таслим шаванд. Дар ҳоле, ки фурсат доред, онро аз даст надиҳед", - гуфт Қодиров дар шабакаи телевизионии худ.
Вай қайд кард, ки агар аз ин имкон истифода баранд, шонси баргаштан ба назди оилаҳои худро пайдо мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд.
Ҷонибҳо чаҳор мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор карданд, мулоқотҳо онлайнӣ низ баргузор мешаванд.
Ҳайати Русияро ёвари президент Владимир Мединский раҳбарӣ мекунад. Дар он ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, сафир дар Беларус Борис Гризлов, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва муовини вазири дифоъ Александр Фомин низ ҳузур доштанд.
Ба ҳайати Украина вазири дифоъ Алексей Резников, раиси фраксияи "Хизматгори халқ" дар Верховная Рада Давид Арахамия ва мушовири раиси Дастгоҳи президент Михайло Подоляк дохиланд.
Илова бар ин рӯзи 10 март дар ҳошияи форуми дипломатӣ дар Анталия мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба баргузор шуд.
Дар Истанбули Туркия рӯзи 29 март як мулоқоти навбатии рӯ ба рӯ баргузор шуд, ки дар пайи он аз пешравиҳои назаррас гузориш дода шуд.