Кумитаи дин гуфт, киҳо дар Тоҷикистон тайи аввалин иқдом ба ҳаҷ мераванд

© PixabayХадж в Мекке
Хадж в Мекке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон барои мавсими нави "Ҳаҷ-2022" сабти номи нави зоирин сурат намегирад, зеро омодагиҳо дар ин самт қабл аз пандемия гирифта шуда буд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Баррасии масоили ҳаҷ дар Тоҷикистон ҳоло матраҳ нашудааст, чун аз ҷониби Арабистон даъватномаи расмӣ дарёфт накардаанд.
Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
"Ҳанӯз мушаххас нест, ки Саудӣ барои кишвари мо чӣ қадар квота ҷудо мекунад ва дар сурати дарёфти даъватнома масъала баррасӣ хоҳад шуд,"- гуфт Афшини Муқим.
Ба иттилои манбаъ, кумитаи ҳанӯз аз соли 2020 корҳои омодагиро барои сафарбаркунии зоирин баррасӣ ва ҳиссаи ҷудошуда аз рӯи шумораи аҳолиро ба шаҳру навоҳӣ фиристода буд, ки тасдиқ гардид.
Собака спит около велосипеда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Тоҷикистонӣ мехоҳад бо дучарха ба ҳаҷ равад, аммо ба ӯ иҷозат намедиҳанд
Аммо бо назардошти вазъи эпидемиологӣ ин сафар сурат нагирифт.
Ин ниҳод мегӯяд, дар сурати баргузории сафари ҳаҷ нахуст онҳое имтиёз хоҳанд дошт, ки тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод гардидаанд.
Он замон ҷониби Саудӣ барои панҷ ҳазор зоири тоҷик иҷозаи сафар ба ин кишварро дода буд.
Дар мавриди нархномаи сафар барои зиёрати Хонаи Худо ҳоло чизе мушаххас нест ва ба гуфтаи оқои Афшини Муқим, пас аз дарёфти даъватнома он низ дақиқ хоҳад шуд.
Арабистон иҷозат дод: зоирини тоҷик метавонанд ба зиёрати хонаи Худо раванд
Маврид ба зикр аст, ки пеш аз пандемия нархи сафари ҳаҷ барои зоирини кишвар 35 ҳазору 128 сомонӣ, муодили 3700 доллари амрикоӣ муқаррар шуда буд.
Ёдовар мешавем, ахиран Арабистони Саудӣ барои нахустин бор пас аз се соли ахир дар пайи беҳбуди вазъи эпидемиологӣ ба як миллион зоир иҷозаи зиёрати Хонаи Худоро дод.
Лентаи хабарҳо
0