Тоҷикистонӣ мехоҳад бо дучарха ба ҳаҷ равад, аммо ба ӯ иҷозат намедиҳанд

© PixabayСобака спит около велосипеда
Собака спит около велосипеда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Бо вуҷуди он ки ин шаҳрванди Тоҷикистон аз Кумитаи миллии олимпӣ ҷавоби рад гирифтааст, вале ҳамоно дар талош аст, бо дучархаи худ ба ҳаҷ мераваду орзуяш амалӣ шавад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Акбар Саидов ба мисли миллионҳо мусалмон орзуи зиёрати Хонаи Худоро дорад, аммо ӯ мехоҳад маҳз бо дучархаи худ ба он ҷо равад.
Саидов аз нияти худ ба сомонаи "Your.tj" хабар дода афзуд, агар арабҳо сафарашро ба Арабистон дастгирӣ кунанд, "бо худ парчами Тоҷикистон гирифта, ба роҳ мебарояд".
Саидов 58 сол дорад ва ӯ аллакай бо дучархаи худ ба Ӯзбекистон сафар карда буд.
Номбурда наздики 15 сол ният дорад, ки бо дучарха ба Маккаву Мадина сафар кунад ва барои ин кор ба Кумитаи миллии олимпӣ ҳам муроҷиат кардааст, вале посухи рад гирифтааст.
"Ба ман гуфтанд, ки ҳоло барои ин сафар иҷозат дода намемовонанд", - афзудааст ӯ.
Бо вуҷуди ин Саидов мегӯяд, ӯ як ҳадаф дорад ва барои амалӣ шуданаш пушти дари дигар идораҳои дахлдор меравад.
Саидов дар мусобиқаи осиёии дучархаронӣ, ки дар шаҳри Душанбе охирҳои моҳи март баргузор шуда буд, иштирок кард. Ӯ ҳатто бо сарпарастоне, ки дар ин мусобиқа иштирок мекарданд, суҳбат намуда, аз орзуи деринаи худ нақл кардааст.
Родственники провожают паломников в хадж  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Ҳаҷ-2022 баргузор мешавад ё на? Посухи Кумитаи дин
Сарпарастони араб ваъда додаанд, ки дар ояндаи наздик ӯро бо дучархаи замонавӣ таъмин ва дар гирифтани раводид ҳам кумак хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки баргузории ҳаҷҷи фарзӣ дар соли ҷорӣ то ҳол дар як вазъи номуайян қарор дорад. Кумитаи дин мегӯяд, ҳоло дақиқан маълум нест, ки зоирони тоҷик кай имкони зиёрати Хонаи Худоро пайдо мекунанд.
Ин ниҳод мегӯяд, дар сурати баргузории сафари ҳаҷ нахуст онҳое имтиёз хоҳанд дошт, ки тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0