Ба хориҷиён харидани манзил дар Ӯзбекистон иҷоза дода шуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкЖилищное строительство, архивное фото
Жилищное строительство, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Дар Ӯзбекистон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ аз 1-уми май ҳуқуқи харидории объектҳои бунёдшавандаро соҳиб мешаванд
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Аз 1 май шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқи харидории амволи ғайриманқул дар Ӯзбекистон сохташударо соҳиб мешаванд.
Барои ин муҳим нест, ки шаҳрвандони хориҷӣ гирифтани иҷозаи иқомат гиранд, хабар медиҳад РИА "Недвижимост" бо такя ба фармони раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев, ки рӯзи душанбе имзо шудааст.

"Ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ аз 1 май ҳуқуқ дода шавад, ки ба объектҳои амволи нави бунёдшаванда (ба истиснои қитъаҳои замин) сармоягузорӣ кунанд", - омадааст дар матни ҳуҷҷат, ки дар вебсайти пойгоҳи қонунгузории "lex.uz" нашр шудааст.

Рӯйхати чунин иншоот бо қарори ҳукумати кишвар тасдиқ карда мешавад.
Тибқи ҳуҷҷат, ин ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, ки ба манзилҳои сохташаванда дар Тошканд ва вилояти Тошканд ба маблағи на камтар аз 150 ҳазор доллар сармоягузорӣ кунанд.
Дар дигар минтақаҳо маблағи ҳатмии сармоягузорӣ бояд аз 70 ҳазор доллар бошад.
Дар фармон гуфта мешавад, ки ин навъи сармоягузорӣ аз хориҷиён гирифтани иҷозатномаи будубош дар Ӯзбекистонро талаб намекунад.
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Ипотека дар Тоҷикистон: хонадор мешавӣ ё хонасалот?
Мирзиёев ҳамчунин ҳадди ақали арзиши амволи ғайриманқул дар бозори аввалияи Тошканд ва вилояти Тошкандро, ки имкони дарёфти муҷаввизи иқомат дар Ӯзбекистонро фароҳам меорад, аз 400 ҳазор доллар то 300 ҳазор доллар поин бурд.
Дар дигар минтақаҳо ҳаҷми ҳатмии муомилот ҳамоно - аз 100 000 то 200 000 доллар боқӣ монд.
Аз моҳи январи соли 2019 шаҳрвандони 109 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, ки дар Ӯзбекистон амволи ғайриманқул харидаанд, метавонанд дар ин ҷумҳурӣ муҷаввизи иқомат бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0