https://sputnik.tj/20220410/uzbekiston-afzoishi-sodiroti-meva-eron-1047519411.html
Ӯзбекистон аз содироти мева ба Эрон хабар дод
Ӯзбекистон аз содироти мева ба Эрон хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон дар ду моҳи гузаштаи соли 2022 мелодӣ ба кишварҳои хориҷӣ ба арзиши 114 миллион доллар мева ва сабзиҷот содир кардааст
2022-04-10T17:40+0500
2022-04-10T17:40+0500
2022-04-11T14:14+0500
дар тоҷикистон
эрон
содирот
мева
сабзавот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042323169_308:165:3076:1722_1920x0_80_0_0_e3be919c8ed2eefc37f2bfcc3b193454.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба гузориши Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, ин кишвар дар ду моҳи гузаштаи соли ҷории милодӣ ба Эрон беш аз ду ҳазор тонна мева ва сабзиҷот содир кардааст, иттилоъ додаанд расонаҳои эронӣ.Тибқи иттилои манбаъ, аз Ӯзбекистон ба Эрон 2 ҳазору 500 тонна мева ва сабзиҷот содирот кардааст.Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки Ӯзбекистон дар ду моҳи гузаштаи соли 2022 ба кишварҳои хориҷӣ ба арзиши 114 миллион доллар мева ва сабзиҷот содир кардааст.Ӯзбекистон ба кишварҳои Қазоқистон 67,5 ҳазор тонна, Русия 29,5 ҳазор тонна, Чин 16,6 ҳазор тонна, Қирғизистон 14 ҳазор тонна, Афғонистон 6,8 ҳазор тонна, Покистон 3,3 ҳазор тонна, Украина 3,3 ҳазор тонна, Туркия 3,2 ҳазор тонна, Озарбойҷон 2,4 ҳазор тонна, Беларус 2,2 ҳазор тонна, Иморати Муттаҳидаи Арабӣ 1,4 ҳазор тонна, Олмон 553 тонна, Амрико 386 тонна мева ва сабзиҷот содир кардааст.Тибқи омор, Ӯзбекистон солона беш аз 21 миллион тонна мева ва сабзиҷот тавлид мекунад, ки аз ин миқдор фақат 1,5 миллион тоннааш ба кишварҳои хириҷӣ содирот мешавад.
https://sputnik.tj/20220409/safari-hunarmandoni-teatri-davlatii-lukhtaki-zbekiston-1047505969.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042323169_303:0:3034:2048_1920x0_80_0_0_efa6f70553cd1367e7c4e80053869118.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон,эрон, содирот, мева, афзоиш
ӯзбекистон,эрон, содирот, мева, афзоиш
Ӯзбекистон аз содироти мева ба Эрон хабар дод
17:40 10.04.2022 (Навсозишуда: 14:14 11.04.2022) Ӯзбекистон дар ду моҳи гузаштаи соли 2022 милодӣ ба кишварҳои хориҷӣ ба арзиши 114 миллион доллар мева ва сабзиҷот содир кардааст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба гузориши Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, ин кишвар дар ду моҳи гузаштаи соли ҷории милодӣ ба Эрон беш аз ду ҳазор тонна мева ва сабзиҷот содир кардааст, иттилоъ додаанд расонаҳои эронӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, аз Ӯзбекистон ба Эрон 2 ҳазору 500 тонна мева ва сабзиҷот содирот кардааст.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки Ӯзбекистон дар ду моҳи гузаштаи соли 2022 ба кишварҳои хориҷӣ ба арзиши 114 миллион доллар мева ва сабзиҷот содир кардааст.
Ӯзбекистон ба кишварҳои Қазоқистон 67,5 ҳазор тонна, Русия 29,5 ҳазор тонна, Чин 16,6 ҳазор тонна, Қирғизистон 14 ҳазор тонна, Афғонистон 6,8 ҳазор тонна, Покистон 3,3 ҳазор тонна, Украина 3,3 ҳазор тонна, Туркия 3,2 ҳазор тонна, Озарбойҷон 2,4 ҳазор тонна, Беларус 2,2 ҳазор тонна, Иморати Муттаҳидаи Арабӣ 1,4 ҳазор тонна, Олмон 553 тонна, Амрико 386 тонна мева ва сабзиҷот содир кардааст.
Тибқи омор, Ӯзбекистон солона беш аз 21 миллион тонна мева ва сабзиҷот тавлид мекунад, ки аз ин миқдор фақат 1,5 миллион тоннааш ба кишварҳои хириҷӣ содирот мешавад.