Трамп барои курсии президентӣ мубориза мебарад

© REUTERS \ Carlos BarriaБывший президент США Дональд Трамп
Бывший президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Обуна шудан
Президенти собиқи Амрико ба имкони ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар соли 2024 ишора кард
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Раиси пешини Кохи сафед Доналд Трамп метавонад ба сабқат барои курсии президентии ИМА вориди корзори интихоботӣ шавад. Ин сиёсатмадор нияти худро дар як гирдиҳамоии тарафдоронаш дар Каролинаи Шимолӣ эълон кард.

"Ҳақиқат ин аст, ки ман ду бор ширкат кардам ва ду бор пирӯз шудам ва дафъаи дуюм натиҷа хеле беҳтар буд. Ҳоло мо шояд бори дигар ин корро кунем", - гуфт Трамп.

Пас аз ин ӯ пурсид, ки оё ҳозирон аз нияти ӯ ҷонибдорӣ мекунанд, ки ба ин суол посухи мусбат гирифтааст. Аммо сарвари собиқи ин кишвар нақшаҳои худро барои соли 2024 расман эълон накардааст. Илова бар ин Трамп бори дигар рақибони сиёсияшро ба тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи соли 2020 муттаҳам кард.
Моҳи декабри соли 2021 Трамп изҳор дошта буд, ки дар интихоботи оянда ширкат мекунад.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите Группы двадцати - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Трамп Путинро музокиракунандаи тавоно номид
"Мо кӯшиш мекунем, ки чор соли дигар ба даст орем, агар не, пас аз чор сол мебинам", — гуфт у.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Иёлоти Муттаҳида 3 ноябри соли 2021 баргузор шуд. Номзади демократҳо Ҷо Байден дар ин давр пирӯз шуд.
Трамп муддати тӯлонӣ аз эътирофи шикаст худдорӣ ва иддаъо кард, ки рақибаш тавассути қаллобӣ бартарӣ ба даст овардааст. Ӯ аз тариқи додгоҳҳо натоиҷи интихоботро ба баҳс кашид, аммо кӯшишҳояш бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0