https://sputnik.tj/20220407/tramp-putinro-muzokira-tavono-1047446363.html
Трамп Путинро музокиракунандаи тавоно номид
Трамп Путинро музокиракунандаи тавоно номид
Sputnik Тоҷикистон
Президенти собиқи ИМА шарҳ дод, ки чаро Путинро музокиракунандаи моҳир медонад
2022-04-07T21:05+0500
2022-04-07T21:05+0500
2022-04-07T21:08+0500
владимир путин
доналд трамп
дар русия
има
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/32/1029273275_0:261:2713:1787_1920x0_80_0_0_1c55fd8e913b5c9988fc7ac77cb3f4ec.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Доналд Тармп, раисҷумҳури собиқи Амрико гуфтааст, ки Владимир Путин, президенти Русияро як музокиракунанда моҳир медонад, навиштааст нашрияи Washington Post.Трамп дар мавриди он ки барои поён додани ҷанг байни Русия ва Украина чи коре анҷом хоҳад дод, иддаоҳоеро ироа кардааст.Трамп қайд кардааст, ки пас аз рафтанаш аз курсии президентӣ бо Путин сӯҳбат накардааст.Маврид ба зикр аст, ки қаблан Трамп гуфт, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар робита ба вазъи Украина як раҳбари оқил аст.Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунии Украина" анҷом шуда, ҳама масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд. Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд.Вохӯрии охирини рӯ ба рӯи ҳайатҳо 29 март дар Истанбул баргузор шуд. То ҳол ҷонибҳо натавонистанд ба пешрафте ноил шаванд.
https://sputnik.tj/20220301/muarrikh-turk-putin-bayden-pesh--1046385484.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/32/1029273275_0:7:2713:2042_1920x0_80_0_0_83f82e62173ebee82afeeb34cc75dddd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп путин музокира тавоно
трамп путин музокира тавоно
Трамп Путинро музокиракунандаи тавоно номид
21:05 07.04.2022 (Навсозишуда: 21:08 07.04.2022) Президенти собиқи ИМА шарҳ дод, ки чаро Путинро музокиракунандаи моҳир медонад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Доналд Тармп, раисҷумҳури собиқи Амрико гуфтааст, ки Владимир Путин, президенти Русияро як музокиракунанда моҳир медонад, навиштааст нашрияи Washington Post.
Трамп дар мавриди он ки барои поён додани ҷанг байни Русия ва Украина чи коре анҷом хоҳад дод, иддаоҳоеро ироа кардааст.
"Вай гуфт, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро як музокиракунандаи моҳир барои фиристодани нерӯҳо ба марзи Украина медонад, аммо бовар дорад, ки бо ворид шудан ба ин кишвар беш аз ҳад бурд кардааст",- менависад нашрия, ки собиқ президент ба он мусоҳиба дод.
Трамп қайд кардааст, ки пас аз рафтанаш аз курсии президентӣ бо Путин сӯҳбат накардааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Трамп гуфт, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар робита ба вазъи Украина як раҳбари оқил аст.
"Мушкилот дар он нест, ки Путин доно аст ё не. Албатта, ӯ оқил аст. Мушкилоти аслӣ дар он аст, ки раҳбарони мо аблаҳ ҳастанд, хеле аблаҳанд", - гуфт Трамп дар суҳбат бо тарафдоронаш.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунии Украина" анҷом шуда, ҳама масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд. Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд.
Вохӯрии охирини рӯ ба рӯи ҳайатҳо 29 март дар Истанбул баргузор шуд. То ҳол ҷонибҳо натавонистанд ба пешрафте ноил шаванд.