https://sputnik.tj/20220410/raqam-silsila-mushak-kramatorsk-partob-neruho-ukraina-1047511674.html
Рақами силсилавӣ собит кард, ки мушаки ба Краматорск партобшуда аз нерӯҳои Украина буд
Рақами силсилавӣ собит кард, ки мушаки ба Краматорск партобшуда аз нерӯҳои Украина буд
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари як иғво дар истгоҳи роҳи оҳани Краматорск, бино ба изҳороти раисҷумҳури Донетск, 50 нафар, аз ҷумла панҷ кӯдак кушта шуданд 10.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-10T10:40+0500
2022-04-10T10:40+0500
2022-04-11T18:23+0500
украина
амният ва мудофиа
мушак
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046784068_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_dbe38ca516f55eb57e9510d9eb9fb9d6.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Аксҳое, ки хабарнигорони ғарбӣ бо иҷозаи Киев бардоштаанд, собит мекунанд, мушаки “Точка-У”, ки ба Краматорск партоб шуда буд, украинӣ аст. Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо истинод ба шабакаи телевизионии Иттиҳоди Донетск ва чанд канали "Telegram", ки ба мавзуъҳои низомӣ тааллуқ доранд, хабар медиҳад. Муаллифон инчунин мушакҳои дигареро номбар кардаанд, ки дар тавозуни нерӯҳои мусаллаҳи Украина қарор доштанд. Дутои онҳо дар соли 2015 дар Алчевск ва Логвиново, дигарон дар Бердянск ва Мелитопол истифода шудаанд."Мушаки "Точка-У", ки даҳҳо ғайринизомиро дар Краматорск ба ҳалокат расонд, аз қабили мушакҳоест, ки дар хидмати қувваҳои мусаллаҳи Украина буданд", - гуфтааст вакили собиқ Рада Иля Кива низ дар канали "Telegram". Илова бар ин баъзеҳо пай бурданд, ки рақами силсилавии "Точка-У" дар видеоҳои украинӣ дар аввал норавшан буд, аммо сабтҳо бо рақамҳои хондашаванда дар эфири шабакаҳои телевизионии хориҷӣ пайдо шуданд.Ҳамин тариқ, бар асари як иғво дар истгоҳи роҳи оҳани Краматорск, бино ба изҳороти раисҷумҳури Донетск, 50 нафар, аз ҷумла панҷ кӯдак кушта шуданд.
https://sputnik.tj/20220408/hamla-ukraina-vokzal-30-kushta-1047474777.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046784068_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_3cfcfe3e6eddd6197a4ffe9b0aff9a83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амният ва мудофиа, мушак
украина, амният ва мудофиа, мушак
Рақами силсилавӣ собит кард, ки мушаки ба Краматорск партобшуда аз нерӯҳои Украина буд
10:40 10.04.2022 (Навсозишуда: 18:23 11.04.2022) Бар асари як иғво дар истгоҳи роҳи оҳани Краматорск, бино ба изҳороти раисҷумҳури Донетск, 50 нафар, аз ҷумла панҷ кӯдак кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Аксҳое, ки хабарнигорони ғарбӣ бо иҷозаи Киев бардоштаанд, собит мекунанд, мушаки “Точка-У”, ки ба Краматорск партоб шуда буд, украинӣ аст. Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо истинод ба шабакаи телевизионии Иттиҳоди Донетск ва чанд канали "Telegram", ки ба мавзуъҳои низомӣ тааллуқ доранд, хабар медиҳад.
"Рақами силсилавии мушаки "Точка-У", ки як рӯз пеш ба истгоҳи роҳи оҳани Краматорск афтода буд, дар интернет пайдо шуд. Мушаки 9М79-1, рақами силсилавии Ш91579. Қаблан ҷангҷӯёни украинӣ аз мушакҳои ҳамон силсила истифода мекарданд",- гуфта мешавад дар ин шабака.
Муаллифон инчунин мушакҳои дигареро номбар кардаанд, ки дар тавозуни нерӯҳои мусаллаҳи Украина қарор доштанд. Дутои онҳо дар соли 2015 дар Алчевск ва Логвиново, дигарон дар Бердянск ва Мелитопол истифода шудаанд.
"Мушаки "Точка-У", ки даҳҳо ғайринизомиро дар Краматорск ба ҳалокат расонд, аз қабили мушакҳоест, ки дар хидмати қувваҳои мусаллаҳи Украина буданд", - гуфтааст вакили собиқ Рада Иля Кива низ дар канали "Telegram".
Илова бар ин баъзеҳо пай бурданд, ки рақами силсилавии "Точка-У" дар видеоҳои украинӣ дар аввал норавшан буд, аммо сабтҳо бо рақамҳои хондашаванда дар эфири шабакаҳои телевизионии хориҷӣ пайдо шуданд.
Ҳамин тариқ, бар асари як иғво дар истгоҳи роҳи оҳани Краматорск, бино ба изҳороти раисҷумҳури Донетск, 50 нафар, аз ҷумла панҷ кӯдак кушта шуданд.