Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ҶМД аз ҳамлаи нерӯҳои Украина ба вокзали Краматорск хабар дод: 30 нафар кушта шуд

© Sputnik / Maksim Blinov / Гузариш ба медиабонкЭвакуация пострадавших в результате взрыва в центре Донецка
Эвакуация пострадавших в результате взрыва в центре Донецка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Даҳҳо ғайринизомии Ҷумҳурии Мардумии Донетск қурбонии ҳамлаи артиши Украина ба истгоҳи роҳи оҳан шуданд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Нерӯҳои Украина бо мушаки "Точка-У" ба Краматорск зарба заданд. Дар ин бора Ситоди муҳофизатии ҳудудии ҶМД дар шабакаи "Telegram" хабар додааст.
Бар асари ҳамла ба истгоҳи роҳи оҳани Краматорск – Басурин тақрибан 30 нафар кушта шудаанд.

"Дар минтақаи истгоҳи роҳи оҳани Краматорск, ки дар он ҷо тахлияи маҳал аз аҳолӣ анҷом мешавад, ҳамлаи мушакӣ сурат гирифт", - менависад нашрия.

Қайд карда мешавад, ки пораҳои мушаки "Точка-У" дар наздикии истгоҳ афтоданд.
Ситод таъкид кардааст, ки ин як низоми мушакии куҳнашуда аст, ки дар Русия, ҶМД ва ҶМЛ кор намекунад, аммо аз ҷониби сохторҳои Украина истифода мешавад.
Бинобар ин мақомоти маҳаллӣ ба интиқоли аҳолӣ шуруъ кардаанд.
Чунон ки муовини сардори Раёсати милитсияи мардумии ҶМД Эдуард Басурин гуфт, дар натиҷаи ҳамла тақрибан 30 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Песков: Ҳадаф аз амалиёти низомӣ дар Украина пешгирӣ аз Ҷанги Ҷаҳонии Сеюм аст
Киев Русияро дар тирборон кардани ин шаҳр муттаҳам ва Вазорати дифои Русия ин изҳороти ҷониби Украинаро рад кард.
"Ин нодуруст аст. Рӯзи 8 апрел нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар шаҳри Краматорск миссияи оташкушоӣ надошт ва ин ба нақша гирифта нашуда буд", - таъкид кардааст Вазорати дифои Русия.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Лукашенко: Музокирот дар бораи қазияи Украина бидуни Беларус ғайриимкон аст – видео
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Лентаи хабарҳо
0