https://sputnik.tj/20220410/murojiati-muhojir-maqomoti-tojikiston-halli-mushkilot-rusiya-1047514721.html
Муроҷиати беш аз ҳазорҳо муҳоҷир ба мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоташон дар Русия
Муроҷиати беш аз ҳазорҳо муҳоҷир ба мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоташон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия хабар додааст, ки барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намудаааст ва бо мақомотҳои марбутаи ин кишвар ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондааст
2022-04-10T13:09+0500
2022-04-10T13:09+0500
2022-04-11T15:34+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
муроҷиат
намояндагии вазорати меҳнат дар русия
мушкилот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1d/1043157968_0:0:3189:1793_1920x0_80_0_0_a42296c5ceba6ac39d1040d443d38f55.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ин ниҳоди давлатӣ ба Sputnik Тоҷикистно хабар додааст, ки вобаста ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ - расонидани кӯмаку машварати ҳуқуқӣ, бо ҷои корӣ таъмин намудан, баргардонидани музди меҳнати онҳо ва дигар масъалаҳои марбути муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави Русия тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, дар ин самт бо мақомоти марбутаи Русия ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондааст.Дар ҳамин ҳол дар семоҳаи аввали соли 2022 ба дафтари намояндагӣ дар шаҳри Маскав ва ҳавзаҳои федералии Русия 2854 нафар аз муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.Аз ин шумораи муроҷиатҳои воридгардида 222 муроиҷиат хаттӣ буда, 2632-тои онҳо шифоҳӣ ба қайд гирифта шуда, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.Ҳамчунин намояндагӣ қайд кардааст, ки вобаста ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва ваъзи ҳуқуқии онҳо ҳамарӯза муҳоҷирони меҳнатӣ ба дафтарҳои намояндагӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт – Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа муроҷиат намуда, вобаста ба ҳалли мушкилоти худ тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон мегиранд.Дар намояндагӣ барои қабули муҳоҷирони меҳнатӣ – утоқи қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил карда шуда, шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.Инчунин вобаста ба қонунигардонӣ дар қаламрави Русия ва тартиби дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, тағйирот дар қонунгузории Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ, лавҳаи иттилоотии “Кӯмак барои муҳоҷирони меҳнатӣ” насб карда шуда, дар он маълумоти зарурӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷойгир карда шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд мустақиман аз он истифода намоянд.Намояндагӣ зикр кардааст, ки бо мақсади таъмини муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият тадбирҳои назаррасро амалӣ намуда истодааст.Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ телефонҳои кории намояндагӣ фаъол буда, ба муроҷиатҳои шаҳрвандони кишвар – муҳоҷирони меҳнатӣ маслиҳату машварат ва тавсияҳои ҳуқуқии ройгон медиҳад.
https://sputnik.tj/20220323/baro-oila-raftu-bahrash-baromad-1047024236.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1d/1043157968_57:0:2788:2048_1920x0_80_0_0_8c548f518722ea2c1e70d50a27d6a02a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муроҷиат, ҳалли мушкилот, муҳоҷирон, русия
тоҷикистон, муроҷиат, ҳалли мушкилот, муҳоҷирон, русия
Муроҷиати беш аз ҳазорҳо муҳоҷир ба мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоташон дар Русия
13:09 10.04.2022 (Навсозишуда: 15:34 11.04.2022) Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, дар ин самт бо мақомоти марбутаи ин кишвар ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ин ниҳоди давлатӣ ба Sputnik Тоҷикистно хабар додааст, ки вобаста ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ - расонидани кӯмаку машварати ҳуқуқӣ, бо ҷои корӣ таъмин намудан, баргардонидани музди меҳнати онҳо ва дигар масъалаҳои марбути муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави Русия тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, дар ин самт бо мақомоти марбутаи Русия ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондааст.
Дар ҳамин ҳол дар семоҳаи аввали соли 2022 ба дафтари намояндагӣ дар шаҳри Маскав ва ҳавзаҳои федералии Русия 2854 нафар аз муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.
Аз ин шумораи муроҷиатҳои воридгардида 222 муроиҷиат хаттӣ буда, 2632-тои онҳо шифоҳӣ ба қайд гирифта шуда, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин намояндагӣ қайд кардааст, ки вобаста ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва ваъзи ҳуқуқии онҳо ҳамарӯза муҳоҷирони меҳнатӣ ба дафтарҳои намояндагӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт – Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа муроҷиат намуда, вобаста ба ҳалли мушкилоти худ тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон мегиранд.
Дар намояндагӣ барои қабули муҳоҷирони меҳнатӣ – утоқи қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил карда шуда, шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Инчунин вобаста ба қонунигардонӣ дар қаламрави Русия ва тартиби дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, тағйирот дар қонунгузории Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ, лавҳаи иттилоотии “Кӯмак барои муҳоҷирони меҳнатӣ” насб карда шуда, дар он маълумоти зарурӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷойгир карда шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд мустақиман аз он истифода намоянд.
Намояндагӣ зикр кардааст, ки бо мақсади таъмини муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият тадбирҳои назаррасро амалӣ намуда истодааст.
Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ телефонҳои кории намояндагӣ фаъол буда, ба муроҷиатҳои шаҳрвандони кишвар – муҳоҷирони меҳнатӣ маслиҳату машварат ва тавсияҳои ҳуқуқии ройгон медиҳад.