Мошини боркаш аз Русия дар роҳ ба сӯйи Тоҷикистон таркид - видео

© Sputnik / Валерий МельниковАвтомобиль в огне, архивное фото
Автомобиль в огне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Обуна шудан
Дар Қазоқистон ядаки мошини "Volvo" оташ гирифт. Ронанда тавонист сари вақт берун шавад, аммо алангаи оташ мошин ва бори онро ба коми худ кашид
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Як мошини боркаши Русия бо асбоби рӯзгор дар роҳ ба сӯйи Тоҷикистон таркид. Ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки мошини борбар аз қаламрави Қазоқистон убур мекард.
Дар километри 73-юми шоҳроҳи Самара-Шимкент, дар наздикии деҳаи Жиенкум, дар вилояти Туркистон силиндраи ядаки мошини тамғаи "Volvo" шикастааст ва ин мунҷар ба сар задани оташ шуда, ки дар натиҷа ин оташ тамоми мошинро фаро гирифтааст.
Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна алангаи азими оташ аз болои мошини боркаш забона мезанад.
Зимнан ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ омада, ба ҷабрдида ёрии аввалия расонида, вазъиятро муайян кардааст.
Сӯхтори боми як бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд
Дар шуъбаи корҳои дохилии вилоят қайд карданд, ки ронанда зуд тавонист мошини боркашро тарк кунад.

"Бинобар сари вақт хомӯш нашудани сӯхтор, мошин ҳамроҳ бо васоили рӯзгор сӯхтааст", - афзуданд дар шуъба.

Дар ҳоли ҳозир ба хадамоти изтирорӣ муяссар шудааст, ки оташро хомӯш кунанд. Қисмҳои мошини сӯхта аз роҳи мошингард бардошта шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор шуд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса корҳоро идома дода, ҳаҷми хисороти молиро муайян мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0