Бозии мунтахаби футзали Тоҷикистону Афғонистон мусовӣ анҷом ёфт

© Федерация футбола ТаджикистанаАфганистан-Таджикистан на CAFA 2022
Афганистан-Таджикистан на CAFA 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Обуна шудан
Варзишгарони тоҷик то дақиқаҳои охири бозӣ аз ҳарифони худ кам намонданд ва нагузоштанд, ки онҳо пеш раванд
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии ифтитоҳии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 дар Бишкек бо тими Афғонистон мусовӣ анҷом дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:4 анҷом ёфт.
Шогирдони Пайрав Воҳидов дилпурона ҳисобро кушоданд. Варзишгарони тоҷик ҳуҷумҳои афғонҳоро моҳирона бартараф намуда, қисми якумро бо ҳисоби 1:0 ба охир расонданд.
Дар оғози қисми дуюми бозӣ варзишгарони тоҷик боз як голи дигарро ба дарвоза ворид карданд.
Афганистан-Таджикистан на  CAFA 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Дар Бишкек Ҷоми футзали Осиё-2022 баргузор мешавад
Бо вуҷуди ин, онҳо тамоми кӯшишро карданд, ки аз рақибон қафо намонанд. Ҳамин тариқ шогирдони Пайрав Воҳидов то охири қисми дуюм фишори худро зиёд карданд. Дубли Идрис Ёров натиҷаи вохӯриро ҳал кард.
Ёдовар мешавем, ки тимҳои миллии Тоҷикистон ва Афғонистон дар гурӯҳи “В” бозӣ карданд.
Ҳамзамон мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби бузурги 5:1 бар дастаи Непал пирӯз шуд.
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби футзали Тоҷикистон рӯзи 11 апрел бо тими миллии Непал ва рӯзи 12 апрел бо тими Ӯзбекистон бозӣ анҷом медиҳад.
Ҳамин тариқ ду даста аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0