https://sputnik.tj/20220410/antonov-gharb-dodani-siloh-ukraina-khotima-1047521207.html
Антонов: Ғарб бояд ба додани силоҳ ба Украина хотима диҳад
Антонов: Ғарб бояд ба додани силоҳ ба Украина хотима диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар ИМА аз Ғарб даъват кард, ки интиқоли силоҳ ба Украинаро хотима диҳанд ва аз дастгирии мақомоти Киев ба қатли ом даст кашанд
2022-04-10T20:10+0500
2022-04-10T20:10+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
ғарб
има
анатолий антонов
сафир
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/09/1047507932_0:58:3072:1786_1920x0_80_0_0_46740553b1ae6ce5b9c61743216be9e0.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов гуфт, вақти он расидааст, ки Ғарб аз додани силоҳ ба Украина худдорӣ кунад.Сафир афзуд, ки зарурати эҳтиром ба қонуни байналмилалии башардӯстона аз ҷониби ИМА ва муттаҳидонаш аён мегардад.Антонов таъкид кард, "мо ҳеҷ гоҳ қатли ғайринизомиён ва ҳамчунин куштану шиканҷаи сарбозони асиршудаи русро таҳаммул нахоҳем кард”.Ба гуфтаи ӯ, ноил шудан ба нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина, ба ин васила таъмини мақоми бидуни силоҳи ҳастаии ин кишвар ва ҳамчунин риояи созишномаҳои байналмилалӣ дар бораи паҳн накардани силоҳи қатли ом хеле муҳим аст.“Мо бояд ҳама корро анҷом диҳем, то аз халалдор шудани Аҳдномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ҷилавгирӣ кунем. Ҳеҷ гуна хатаре ба Русия аз қаламрави Украина таҳдид накунад”, - гуфт сафир.Вай тавзеҳ дод, ки ҳадаф аз амалиёти вижаи низомӣ маҳз ҳамин аст.Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
https://sputnik.tj/20220410/iqtisoddoni-faronsavi-suquti-dollar-rublro-peshgui-1047516368.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/09/1047507932_208:0:2939:2048_1920x0_80_0_0_7ed01ec898690470921697aeef4f367f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, сафири русия дар има, ғарб, силоҳ, украина
русия, сафири русия дар има, ғарб, силоҳ, украина
Антонов: Ғарб бояд ба додани силоҳ ба Украина хотима диҳад
20:10 10.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Сафири Русия дар ИМА аз Ғарб даъват кард, ки интиқоли силоҳ ба Украинаро хотима диҳанд ва аз дастгирии мақомоти Киев дар қатли ом даст кашанд
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов гуфт, вақти он расидааст, ки Ғарб аз додани силоҳ ба Украина худдорӣ кунад.
“Ниҳоят муҳим аст, ки кишварҳои ғарбӣ ба рехтани рӯған ба оташи ҷанг дар Украина ва додани силоҳ ба режими Украина хотима диҳанд”, - гуфт вай.
Сафир афзуд, ки зарурати эҳтиром ба қонуни байналмилалии башардӯстона аз ҷониби ИМА ва муттаҳидонаш аён мегардад.
Антонов таъкид кард, "мо ҳеҷ гоҳ қатли ғайринизомиён ва ҳамчунин куштану шиканҷаи сарбозони асиршудаи русро таҳаммул нахоҳем кард”.
Ба гуфтаи ӯ, ноил шудан ба нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина, ба ин васила таъмини мақоми бидуни силоҳи ҳастаии ин кишвар ва ҳамчунин риояи созишномаҳои байналмилалӣ дар бораи паҳн накардани силоҳи қатли ом хеле муҳим аст.
“Мо бояд ҳама корро анҷом диҳем, то аз халалдор шудани Аҳдномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ҷилавгирӣ кунем. Ҳеҷ гуна хатаре ба Русия аз қаламрави Украина таҳдид накунад”, - гуфт сафир.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳадаф аз амалиёти вижаи низомӣ маҳз ҳамин аст.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.