https://sputnik.tj/20220409/temurali-navruzov-jabrdidai-munoqishai-marzi-protez-1047502895.html
Барои роҳгардии Темуралӣ пойи нав мегузоранд. Ӯ ҳоло бо як пойю ду даст роҳ меравад
Барои роҳгардии Темуралӣ пойи нав мегузоранд. Ӯ ҳоло бо як пойю ду даст роҳ меравад
Sputnik Тоҷикистон
Ин сокини ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро як сол қабл тири марзбонони қирғиз аз як пояш маҳрум намуд ва то ин вақт ӯ бо як пой ва зури ду асобағал (чагаз) роҳ мегардад
2022-04-09T17:35+0500
2022-04-09T17:35+0500
2022-04-11T19:32+0500
дар тоҷикистон
ноҳияи бобоҷон ғафуров
марз
муноқиша
қирғизистон
ҷабрдида
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042522986_0:256:2730:1792_1920x0_80_0_0_fecaba8489784651b09d102f703a9a02.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Темуралӣ Наврӯзов рӯзҳои сахти табобатро паси кард карда, хушбахтона, ба марҳилаи нави зиндагӣ расид. Табибон баъд аз табобати пайвастаи яксола ба марҳалаи гирифтани андозаи пойяш (протез) расидаанд. Ин марҳилаест, ки мушкили роҳгардии ӯро осон хоҳад намуд.Қарор аст, баъди омода шудани қолаби пойи сунъӣ (протез), он дар ҳафтаи оянда ба соҳибаш насб карда шавад ва ба ин тартиб Темуаралӣ бо ду пой роҳ гашта, асобағалҳоро канор гузорад.Мансур Наврӯзов, падари Темуралӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дирӯз табибон пойи писарашро барои омода намудани қолаби пой (протез) андозагирӣ карданд ва дар бораи омода шудани он дар ҳафтаи оянда барояшон хабар додаанд.Сохтмони пойи сунъӣ (протез) имкон фароҳам хоҳад намуд, ин сокини ҷамоати Овчи Қалъача озод роҳ равад ва ба шуғл фаро гирифта шавад.Темуралӣ Наврӯзов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки 29 апрели соли 2021 дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон аз як пояш маҳрум шуд.Ин сокини ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъача, ки ҳоло бо асобағал роҳ мегардад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи он рӯзи сиёҳ дар апрели соли гузашта нақл намуда буд.“Соати 17:30 дақиқа буд, ки садое баланд шуд. Мо аз ин ҳайрон шудему ман ба кӯча нигоҳ кардам. Ҳамроҳи ҳамсояҳо назди дарвоза будем, ки тири дигар пойи маро захмӣ кард”, - иброз намуд Темуралӣ.Захми тир муҷиби хунравии зиёд дар пойяш гардид ва ин ҳолат табибонро дар буридани пойи ӯ ночор гузошт, вагарна аз хунравии зиёд ҳоли вай бадтар мешуд.Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти мавсум ба "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози ин даргирӣ муттаҳам мекарданд. Бар асари ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ гуфта мешавад, аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафар қурбон шуданд.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзии он рӯз 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад.Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи марзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз 22,5 километр ва Овчӣ-Қалъача наздик ба 20 километр бо ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон марзи мушатарак доранд.Тоҷикистону Қирғизистон дар умум беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
https://sputnik.tj/20220128/sadir-jabborov-munoqisha-marz-tojikiston-1045279558.html
https://sputnik.tj/20220221/kohishi-tijorat-tojikistonu-qirghiziston-munoqisha-marzbandi-1046114449.html
ноҳияи бобоҷон ғафуров
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042522986_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_c9edfc380c0979d05bc0ac304326a9da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муноқиша, марз, ҷабрдида, протез, бобоҷон ғафуров,
тоҷикистон, муноқиша, марз, ҷабрдида, протез, бобоҷон ғафуров,
Барои роҳгардии Темуралӣ пойи нав мегузоранд. Ӯ ҳоло бо як пойю ду даст роҳ меравад
17:35 09.04.2022 (Навсозишуда: 19:32 11.04.2022) Ин сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дуруст як сол қабл тири марзбонони қирғиз аз як пояш маҳрум намуд. То ин вақт ӯ бо як пой ва ду асобағал (чагаз) роҳ мегашт
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Темуралӣ Наврӯзов рӯзҳои сахти табобатро паси кард карда, хушбахтона, ба марҳилаи нави зиндагӣ расид. Табибон баъд аз табобати пайвастаи яксола ба марҳалаи гирифтани андозаи пойяш (протез) расидаанд. Ин марҳилаест, ки мушкили роҳгардии ӯро осон хоҳад намуд.
Қарор аст, баъди омода шудани қолаби пойи сунъӣ (протез), он дар ҳафтаи оянда ба соҳибаш насб карда шавад ва ба ин тартиб Темуаралӣ бо ду пой роҳ гашта, асобағалҳоро канор гузорад.
Мансур Наврӯзов, падари Темуралӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дирӯз табибон пойи писарашро барои омода намудани қолаби пой (протез) андозагирӣ карданд ва дар бораи омода шудани он дар ҳафтаи оянда барояшон хабар додаанд.
“Дирӯз рафтем барои гирифтани қолаби протез, табибон пойи Темуралиро андозагирӣ карданд. Гуфтанд, ки пояш то як ҳафта тайёр мешавад. Пояш насб шавад, имкон дорад, Темуралӣ асобағалҳоро канор гузошта бо пойҳояш роҳ гардад, мо ба ин умедворем”, – зикр намуд Наврӯзов.
Сохтмони пойи сунъӣ (протез) имкон фароҳам хоҳад намуд, ин сокини ҷамоати Овчи Қалъача озод роҳ равад ва ба шуғл фаро гирифта шавад.
Темуралӣ Наврӯзов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки 29 апрели соли 2021 дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон аз як пояш маҳрум шуд.
Ин сокини ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъача, ки ҳоло бо асобағал роҳ мегардад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи он рӯзи сиёҳ дар апрели соли гузашта нақл намуда буд.
“Соати 17:30 дақиқа буд, ки садое баланд шуд. Мо аз ин ҳайрон шудему ман ба кӯча нигоҳ кардам. Ҳамроҳи ҳамсояҳо назди дарвоза будем, ки тири дигар пойи маро захмӣ кард”, - иброз намуд Темуралӣ.
Захми тир муҷиби хунравии зиёд дар пойяш гардид ва ин ҳолат табибонро дар буридани пойи ӯ ночор гузошт, вагарна аз хунравии зиёд ҳоли вай бадтар мешуд.
“Худоро шукр, ки зинда мондам ва ҳоло ҳамроҳи фарзандонам ҳастам. Шунидам, ки чанд нафар қурбонии баҳсҳои марзӣ шудаанд. Умедворем, ки дигар баҳсу муноқишаи марзӣ рух намедиҳад ва сокинони наздимарзӣ осоишта зиндагӣ мекунанд”, - зикр кард ӯ.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти мавсум ба "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози ин даргирӣ муттаҳам мекарданд. Бар асари ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ гуфта мешавад, аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафар қурбон шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзии он рӯз 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи марзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз 22,5 километр ва Овчӣ-Қалъача наздик ба 20 километр бо ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон марзи мушатарак доранд.
Тоҷикистону Қирғизистон дар умум беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.