https://sputnik.tj/20220409/taghyiroti-kadri-isfara-tayini-muovini-navi-bahodurzoda-1047500323.html
Тағйироти кадрӣ дар Исфара: Таъйини ду муовини нави Баҳодурзода бо розигии Президент
Тағйироти кадрӣ дар Исфара: Таъйини ду муовини нави Баҳодурзода бо розигии Президент
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳукумати шаҳри Исфара таъйиноти кадрӣ сурат гирифта бар тибқи он Парвиз Файзуллозода, муовини аввал ва Суруриддин Зиёваддинзода, муовини раиси шаҳр таъйин шудаанд
2022-04-09T15:00+0500
2022-04-09T15:00+0500
2022-04-11T20:05+0500
исфара
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
шаҳрдор
муовин
таъйин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:962:541_1920x0_80_0_0_8054a3cba8fe3c62b513915410c7dc1e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати Исфара ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.Бино ба иттилои манбаъ, ин таъйиноти кадрӣ дирӯз сурат гирифта, бар тибқи он, Парвиз Файзуллозода, муовини аввал ва Суруриддин Зиёваддинзода муовини шаҳрдори Исфара таъйин шудаанд.Таъйини ин ду масъули баландмақоми ҳукумати Исфара бо розигии президент ва қарорҳои раиси шаҳр сурат гирифтааст.Мансаби муовини аввали раиси Исфара баъди барканории рафтани Собит Умарзода, аз соли 2020 ба ин тараф холӣ буд.Файзуллозода ва Зиёваддинзода муовинони нави шаҳрдори Исфара кистанд?Файзуллозода Парвиз 3 августи соли 1979 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Соли 2005 филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 2003 ба сифати инструктор-методист оид ба варзиши ҶДММ “МНА 35” оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои мудири анбор ва муовини директори генералии ҶДММ “МНА 35” фаъолият кардааст.Солҳои 2016 -2019 дар вазифаҳои давлатӣ кор кардааст. То муовини раиси шаҳр таъйин шуданаш сардори Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ то ба вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Исфара таъйин гардидан фаъолият дошт.Зиёваддинзода Суруриддин Руҳиддин 12 августи соли 1975 дар Исфара таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад. Соҳибтахассуси муҳандис-барқчӣ, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо аст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аст.Зиёваддинзода фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 ба ҳайси барқчӣ дар бригадаи таъмири асосӣ ва танзими таҷҳизоти барқӣ дар иншооти истеҳсоли нефт ва гази Иттиҳодияи истеҳсолии “Ленинободнефтугаз” оғоз намуда, баъдан ба сифати устои бригадаи таъмири асосӣ ва танзими таҷҳизоти барқӣ дар иншооти истеҳсоли нефт ва гази Иттиҳодияи истеҳсолии “Ленинободнефтугаз”, муҳандиси ба ҳисобгирӣ ва фурӯши қувваи барқи Иттиҳодияи истеҳсолии “Ленинободнефтугаз”, сардори сехи таъмир ва танзими таҷҳизотҳои барқӣ дар истеҳсоли нефт ва гази ҶДММ “Петролеум-Суғд” кор кардааст.Солҳои 2014-2018 раиси Ҷамоати деҳоти Хонобод буд. Соли 2019 вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Исфараро бар уҳда дошт.Зиёваддинзода Суруриддин минҳайси муовини шаҳрдорӣ дар умури идеологӣ, дин, бойгонӣ, ҷавонон ва варзиш таъйин гардидааст.
https://sputnik.tj/20220127/taghyirot-shahrdori-dushanbe-muovini-rustam-1045209832.html
https://sputnik.tj/20210817/himoya-sohibkor-farmoniprezident-taghyirot-dodsitonii-kul-1041692441.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:722:541_1920x0_80_0_0_27313200fd0d8c9c90c498fc1b9cc2d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, исфара, тағйироти кадрӣ, шаҳрдор, таъйин, муовин
тоҷикистон, исфара, тағйироти кадрӣ, шаҳрдор, таъйин, муовин
Тағйироти кадрӣ дар Исфара: Таъйини ду муовини нави Баҳодурзода бо розигии Президент
15:00 09.04.2022 (Навсозишуда: 20:05 11.04.2022) Дар ҳукумати шаҳри Исфара таъйиноти кадрӣ сурат гирифта ва бар тибқи он, Парвиз Файзуллозода, муовини аввал ва Суруриддин Зиёваддинзода муовини раиси шаҳр таъйин шудаанд
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати Исфара ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, ин таъйиноти кадрӣ дирӯз сурат гирифта, бар тибқи он, Парвиз Файзуллозода, муовини аввал ва Суруриддин Зиёваддинзода муовини шаҳрдори Исфара таъйин шудаанд.
Таъйини ин ду масъули баландмақоми ҳукумати Исфара бо розигии президент ва қарорҳои раиси шаҳр сурат гирифтааст.
“Дирӯз дар як ҷаласа бо иштироки масъулини ҳукумат, аз ҷумла Ғолиб Шарифзода, мудири идораи кадрҳои ҳукумати вилояти Суғд муовинони нави шаҳрдории Исфара муаррифӣ шуданд”, – гуфт, Шомадов.
Мансаби муовини аввали раиси Исфара баъди барканории рафтани Собит Умарзода, аз соли 2020 ба ин тараф холӣ буд.
Файзуллозода ва Зиёваддинзода муовинони нави шаҳрдори Исфара кистанд?
Файзуллозода Парвиз 3 августи соли 1979 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Соли 2005 филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 2003 ба сифати инструктор-методист оид ба варзиши ҶДММ “МНА 35” оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои мудири анбор ва муовини директори генералии ҶДММ “МНА 35” фаъолият кардааст.
Солҳои 2016 -2019 дар вазифаҳои давлатӣ кор кардааст. То муовини раиси шаҳр таъйин шуданаш сардори Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ то ба вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Исфара таъйин гардидан фаъолият дошт.
Зиёваддинзода Суруриддин Руҳиддин 12 августи соли 1975 дар Исфара таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад. Соҳибтахассуси муҳандис-барқчӣ, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо аст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аст.
Зиёваддинзода фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 ба ҳайси барқчӣ дар бригадаи таъмири асосӣ ва танзими таҷҳизоти барқӣ дар иншооти истеҳсоли нефт ва гази Иттиҳодияи истеҳсолии “Ленинободнефтугаз” оғоз намуда, баъдан ба сифати устои бригадаи таъмири асосӣ ва танзими таҷҳизоти барқӣ дар иншооти истеҳсоли нефт ва гази Иттиҳодияи истеҳсолии “Ленинободнефтугаз”, муҳандиси ба ҳисобгирӣ ва фурӯши қувваи барқи Иттиҳодияи истеҳсолии “Ленинободнефтугаз”, сардори сехи таъмир ва танзими таҷҳизотҳои барқӣ дар истеҳсоли нефт ва гази ҶДММ “Петролеум-Суғд” кор кардааст.
Солҳои 2014-2018 раиси Ҷамоати деҳоти Хонобод буд. Соли 2019 вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Исфараро бар уҳда дошт.
Зиёваддинзода Суруриддин минҳайси муовини шаҳрдорӣ дар умури идеологӣ, дин, бойгонӣ, ҷавонон ва варзиш таъйин гардидааст.