Прокурор ба ҳимояи соҳибкор: фармони Президент барои тағйирот дар сохтори Додситонии кул

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон на совещании
Эмомали Рахмон на совещании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон дар сохтори Додситонии кулли кишвар тағйирот ворид намудаст. Ҳадаф ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори Додситонии кулли кишвар раёсати ҷадид ташкил мешавад, ки ҳифз ва дастгирии соҳибкорӣ як бахши фаъолияти он хоҳад буд.
Раёсати назорати иҷрои қонунгузории андоз, ҳифзи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ниҳоди нав дар сохтори Додситонии кулли Тоҷикистон мебошад, ки бо дастури раисиҷумҳур ташкил гардид.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти андоз мегӯянд, барои дастгирии соҳибкорӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия шудааст, ки феълан дар баррасии Ҳукумат қарор дорад.
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2019
Президент мухолиф буду ахиран розӣ шуд: қарори Ҳукумат дар бораи кормандони андоз
Дар шарҳи он, ки чӣ тағйироту сабукиҳо мешавад, Нарзулло Маликзода, ноиби раиси Кумитаи андоз ва узви гуруҳи таҳиякунандаи лоиҳаи Кодекс гуфт, дар лоиҳаи ҷадид теъдоди умумии андозҳо аз 10 ба 7 адад расонда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз номгӯи андозҳо хориҷ гардида, андоз аз фоида бо андоз аз даромад ва андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молумулк муттаҳид карда шуданд.
“Меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ба андозаи 13 фоиз, барои дигар намуди фаъолият аз 23 ба 18 фоиз кам карда шуд. Ин андоз барои ташкилотҳои молиявии қарздиҳӣ ва ширкатҳои мобилӣ ба андозаи 20 фоиз таъйин гардид. То ҳол 23 фоиз буд”, - изҳор дошт Маликзода.
Ба гуфтаи ӯ, меъёри ягонаи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 12 фоиз муайян шуд, ки қаблан 8 ва 13 дарсад буд.
Ноиби раиси Кумитаи андоз афзуд, бо мақсади ба кишварҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷорӣ баробар кардани сатҳи андозбандӣ, дар лоиҳа меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда низ паст карда шуд.
“Қаблан меъёри андоз аз арзиши иловашуда 18 фоиз буд, дар лоиҳа 15 фоиз пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин давра ба давра то соли 2027 кам шудани андоз аз арзиши иловашуда то 13 фоиз пешбинӣ шудааст”, - изҳор дошт ӯ.
Маликзода таъкид намуд, ки бо мақсади шаффофияти ба ҳисобгирӣ ва дақиқ нишон додани шумораи кормандону маош нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ меъёри андози иҷтимоӣ аз 25 фоиз то 20 фоиз паст карда мешавад.
Мақомдорони андоз мегӯянд, интизор меравад, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав моҳҳои наздик қабул мешавад.
Лентаи хабарҳо
0