Якбора дар се шаҳри вилояти Суғд таъиноти кадрӣ сурат гирифт

© Sputnik Здание правительства города Истаравшан
Здание правительства города Истаравшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд тағйироти кадрӣ дар мақомоти иҷроия сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дар се шаҳри вилояти Суғд таъйиноти нав дар сатҳи шаҳрдорӣ сурат гирифтааст. Бино ба иттилои маркази матбуотии ҳукумати вилоят, муовинони раисони шаҳрҳои Бӯстон, Панҷакент ва Истаравшан таъйину барканор шудаанд.

"Дар ҷаласаи ҳукумати шаҳр мудири шуъбаи кадрҳои ҳукумати вилояти Суғд Ғолиб Шарифзода муовини нави раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзодаро муаррифӣ кард", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Панҷакент Нақибӣ Парвина Нарзӣ ба вазифаи муовини раиси шаҳр таъйин гардид.
Дар Истаравшан низ таъйиноти нав сурат гирифт. Бо қарори Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳр Муъминзода Фирӯза Исроил муовини шаҳрдор таъин шуд.

Мансабдорони нав кистанд?

Мамнур Нурзода 21 августи соли 1990 таваллуд шудааст. Соли 2012 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси дизайнер хатм карда, дорандаи дипломи омӯзгори санъати тасвирӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2013 ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон оғоз кардааст.
Солҳои 2014-2015 дар вазифаи мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, аз соли 2015 то соли 2021 дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Бӯстон кор кардааст.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Тағйироти кадрӣ дар Исфара: Таъйини ду муовини нави Баҳодурзода бо розигии Президент
То 7 апрел ва расиданаш ба мансаби нав, дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кадрҳои дастгоҳи шаҳри Гулистон фаъолият дошт.
Нақибӣ Парвина Нарзӣ 12 июли соли 1982 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 2005 донишгоҳро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва идоракунии давлатӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2006 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи кор бо занони ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оғоз кардааст.
Мӯъминзода Фирӯза Исроил 29 ноябри соли 1974 дар Истаравшан таваллуд шудааст. Соли 2012 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси омӯзгор хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1998 ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ оғоз карда, аз соли 2017 то 7 апрели соли 2022 дар вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0