https://sputnik.tj/20220409/palav-shirchoy-davlatov-sir-gurusna-ruzadori-1047492955.html
Палав ё ширчой? Давлатов сирри гурусна намондан ҳангоми рӯзадориро гуфт
Палав ё ширчой? Давлатов сирри гурусна намондан ҳангоми рӯзадориро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Табиб хӯроки барои тоҷикон маъмулиро ба саҳархӯрӣ тавсия медиҳад: он ҳам сабук аст ва ҳам боиси таъмин шудани организм бо энерҷӣ дар давоми тамоми рӯз мегардад
2022-04-09T00:36+0500
2022-04-09T00:36+0500
2022-04-11T20:51+0500
моҳи шарифи рамазон
рӯзадорӣ
табиб
тавсияҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/37/1031083756_0:0:2322:1306_1920x0_80_0_0_d319db61ceca66689b1637df83113a22.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Мувофиқи тақвими исломӣ, моҳи Рамазон фаро расид. Мусалмонон дар ин моҳ рӯза мегиранд – саҳаргоҳон ва шомгоҳои мехӯранду менӯшанд, рӯзона даҳон “баста аст”. Аз манфиати рӯзадорӣ, ба кадом гурӯҳи одамон иҷозат будан ё набудани он мутахассисони соҳа зиёд гуфтаанд. Дар ҳамин ҳол табибон чанд роҳи истифодаи дурусти ғизоро номбар мекунанд, ки боиси роҳат паси сар кардани 17-18-соати рӯзадорӣ меградад. Абдулло Давлатов, доктори номии тоҷики муқими Маскав ба Sputnik Тоҷикистон тарзу дурусти истеъмоли ғизоро дар ифтор ва суҳархӯрӣ шарҳ дод. Доктор ғизоҳои барои тоҷикон маъмулиеро номбар кард, ки истифодаи он дар моҳи Рамазон низ мувофиқи мақсад аст. Давлатов бар он аст, ки аслан аз нигоҳи тибб, қоидаи махсус ё тавсияи махсусе барои рӯзадорон нест. Аммо донистани ин ё они хусусияти ғизо имкон медиҳад, бе эҳсоси бетоқаткунандаи гуруснагӣ ё ташнагӣ рӯза гирифт. “Дар асл тавсияҳо бояд доимӣ бошанд. Дар моҳи шарифи Рамазон муҳимаш зиёдравӣ накунем”,- таъкид мекунад пеш аз ҳама вай. Давлатов тавсия медиҳад, ки ҳангоми ифтор, пеш аз хӯрдан хуб мешавад, агар аввал об нӯшед ва барои саҳар бошад, аз ҷониби табиб тавсия дода мешавад, ки аз ғизоҳои ширину намакӣ даст кашед. “Биринҷ низ дар дастархони саҳарӣ камтар бояд бошад. Зеро он обталаб аст. Оши палавро метавон истифода кард, лекин он метавонад давоми рӯз одамро ташна кунад”, - қайд мекунад оқои Давлатов. Табиб тавсия медиҳад, ки рӯзадорон саҳаргоҳон хӯроки одӣ ва тоҷикона- ширчой истифода хӯранд. Ҳамчунин Абдулло Давлатов тавсия медиҳад, ки пас аз хӯроки гарм дарҳол меваи сард нахӯред. Беҳтараш ё меваро гарм кунед ё аз ним то яку ним соат интизор шуда, сипас бихӯред, вагарна он боиси пӯсидан ва ё вайрон шудани хӯроки истеъмолкарда мешавад.
https://sputnik.tj/20220402/ruza-muhojirat-posukh-shuro-suol-tojikiston-1047290884.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/37/1031083756_291:0:2032:1306_1920x0_80_0_0_c5d257eccca498696a3d44cb360f5c5e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
палав ширчой давлатов сир рӯза
палав ширчой давлатов сир рӯза
Палав ё ширчой? Давлатов сирри гурусна намондан ҳангоми рӯзадориро гуфт
00:36 09.04.2022 (Навсозишуда: 20:51 11.04.2022) Табиб хӯроки барои тоҷикон маъмулиро ба саҳархӯрӣ тавсия медиҳад: он ҳам сабук аст ва ҳам боиси таъмин шудани организм бо энержӣ дар давоми тамоми рӯз мегардад
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Мувофиқи тақвими исломӣ, моҳи Рамазон фаро расид. Мусалмонон дар ин моҳ рӯза мегиранд – саҳаргоҳон ва шомгоҳои мехӯранду менӯшанд, рӯзона даҳон “баста аст”.
Аз манфиати рӯзадорӣ, ба кадом гурӯҳи одамон иҷозат будан ё набудани он мутахассисони соҳа зиёд гуфтаанд.
Дар ҳамин ҳол табибон чанд роҳи истифодаи дурусти ғизоро номбар мекунанд, ки боиси роҳат паси сар кардани 17-18-соати рӯзадорӣ меградад.
Абдулло Давлатов, доктори номии тоҷики муқими Маскав ба Sputnik Тоҷикистон тарзу дурусти истеъмоли ғизоро дар ифтор ва суҳархӯрӣ шарҳ дод.
Доктор ғизоҳои барои тоҷикон маъмулиеро номбар кард, ки истифодаи он дар моҳи Рамазон низ мувофиқи мақсад аст.
Давлатов бар он аст, ки аслан аз нигоҳи тибб, қоидаи махсус ё тавсияи махсусе барои рӯзадорон нест. Аммо донистани ин ё они хусусияти ғизо имкон медиҳад, бе эҳсоси бетоқаткунандаи гуруснагӣ ё ташнагӣ рӯза гирифт.
“Дар асл тавсияҳо бояд доимӣ бошанд. Дар моҳи шарифи Рамазон муҳимаш зиёдравӣ накунем”,- таъкид мекунад пеш аз ҳама вай.
"Набояд пурхӯрӣ кард, зеро барои ҳазми он организм энержии зиёд сарф мекунад. “Ҳангоми ифтор ва саҳархӯрӣ пеш аз сер шудан аз хӯрокхӯрӣ бояд даст кашид”, - меафзояд ӯ.
Давлатов тавсия медиҳад, ки ҳангоми ифтор, пеш аз хӯрдан хуб мешавад, агар аввал об нӯшед ва барои саҳар бошад, аз ҷониби табиб тавсия дода мешавад, ки аз ғизоҳои ширину намакӣ даст кашед.
“Биринҷ низ дар дастархони саҳарӣ камтар бояд бошад. Зеро он обталаб аст. Оши палавро метавон истифода кард, лекин он метавонад давоми рӯз одамро ташна кунад”, - қайд мекунад оқои Давлатов.
Табиб тавсия медиҳад, ки рӯзадорон саҳаргоҳон хӯроки одӣ ва тоҷикона- ширчой истифода хӯранд.
“Агар бо чормағз хӯранд, боз беҳтар мешавад. Молекулаҳои сафедаҳои шир, ки калон – калонанд, ҳазмашон мушкил мешавад. Афзун бар ин ширчой хусусияти таъмин кардани организм дар давоми тамоми рӯз бо энержиро дорад”,- таъкид мекунад пизишк.
Ҳамчунин Абдулло Давлатов тавсия медиҳад, ки пас аз хӯроки гарм дарҳол меваи сард нахӯред. Беҳтараш ё меваро гарм кунед ё аз ним то яку ним соат интизор шуда, сипас бихӯред, вагарна он боиси пӯсидан ва ё вайрон шудани хӯроки истеъмолкарда мешавад.