https://sputnik.tj/20220409/eron-parvozi-haftagii-tehron-dushanbe-ba-rushdi-bakhshi-gardishgari-kumak-mekunad-1047507235.html
Эрон: Парвози ҳафтагии Теҳрон - Душанбе ба рушди бахши гардишгарӣ кумак мекунад
Эрон: Парвози ҳафтагии Теҳрон - Душанбе ба рушди бахши гардишгарӣ кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Камиссиони гардишгарии утоқи Эрон гуфтааст, ки афзоиши теъдоди парвозҳо миёни Эрону Тоҷикистон ва барқарории парвози ҳафтагӣ миёни Теҳрон - Душанбе ба рушди бахши гардишгарии ду кишвар кумак хоҳад кард
2022-04-09T20:30+0500
2022-04-09T20:30+0500
2022-04-11T19:04+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
гардишгарӣ
парвозҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/09/1029350932_0:164:2344:1483_1920x0_80_0_0_04b6b9496bb7cded8f26533de09d1196.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Алиакбари Абдулмаликӣ дар дидор бо намояндаи сафорати Тоҷикистон гуфтааст, ки барои афзоиши парвозҳои миёни ду кишвар ва анҷоми парвози ҳафтагии миёни Теҳрон - Душанбе ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои Эрон тадобири лозим андешида шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй” дар истинод ба сомонаи Утоқи Эрон.Абдулмаликӣ дар нишасти ҳамандешӣ ва табодули назар миёни Комиссиюни гардишгарии Утоқи Эрон ва сафорати Тоҷикистон таъкид кард, ки коршиносон монеаҳои мавҷуда барои рушди бахши гардишгарии миёни Эрону Тоҷикистонро зери омӯзиш қарор доданд.Дар ҳамин ҳол Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар бораи густариши таомулоти ду кишвар дар тамомии ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ таъкид карда гуфт, ки афзоиши таомулоту иртиботот, тавсеаи тиҷоратро низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Ӯ афзуд, дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати ду кишвар 57 миллион доллар буд ва ин рақам дар соли 2021 дар пайи талошҳои суратгирифта ба 121 миллион доллар афзоиш ёфт.Вай илова кард, ки Эрону Тоҷикистон, то кунун ҳудуди 180 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд ва он чӣ ниёз аст, пайгирии ҷаддитар ҷиҳати иҷросозии барномаҳо ва тарҳҳост.Дипломати тоҷик афзуд, дар кишвари Тоҷикистон заминаи мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла доруӣ, гардишгарӣ, масолеҳи сохтумонӣ ва дигар саноеъ вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба имконоти Тоҷикистон барои ҳамли рейлӣ ва тавофуқот бо кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид барои содирот ба кишварҳои минтақа низ фароҳам аст.
https://sputnik.tj/20220303/daler-juma-nerugohhoi-tojikiston-ba-mavodi-sukhti-eron-niyoz-dorand-1046476381.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/09/1029350932_62:0:2146:1563_1920x0_80_0_0_4b651713933e3518eca98668c8b76767.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, гардишгарӣ, кумак, парвоз
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, гардишгарӣ, кумак, парвоз
Эрон: Парвози ҳафтагии Теҳрон - Душанбе ба рушди бахши гардишгарӣ кумак мекунад
20:30 09.04.2022 (Навсозишуда: 19:04 11.04.2022) Раиси Камиссиюни гардишгарии Утоқи Эрон гуфтааст, ки афзоиши теъдоди парвозҳои миёни Эрону Тоҷикистон ва барқарории парвози ҳафтагии миёни Теҳрон - Душанбе ба рушди бахши гардишгарии ду кишвар кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Алиакбари Абдулмаликӣ дар дидор бо намояндаи сафорати Тоҷикистон гуфтааст, ки барои афзоиши парвозҳои миёни ду кишвар ва анҷоми парвози ҳафтагии миёни Теҳрон - Душанбе ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои Эрон тадобири лозим андешида шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй” дар истинод ба сомонаи Утоқи Эрон.
Абдулмаликӣ дар нишасти ҳамандешӣ ва табодули назар миёни Комиссиюни гардишгарии Утоқи Эрон ва сафорати Тоҷикистон таъкид кард, ки коршиносон монеаҳои мавҷуда барои рушди бахши гардишгарии миёни Эрону Тоҷикистонро зери омӯзиш қарор доданд.
“Фурсатҳо ва ҷозибҳои туристии зиёде дар ҳар ду кишвар вуҷуд дорад ва сирфан ниёз ба шиносондан ба шеваи беҳтар ва густариши иттилооту ҳамкориҳо аз масирҳои ҷадид аст”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар бораи густариши таомулоти ду кишвар дар тамомии ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ таъкид карда гуфт, ки афзоиши таомулоту иртиботот, тавсеаи тиҷоратро низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Ӯ афзуд, дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати ду кишвар 57 миллион доллар буд ва ин рақам дар соли 2021 дар пайи талошҳои суратгирифта ба 121 миллион доллар афзоиш ёфт.
“Умедворем, ин раванд тадовум ёфта ва базудӣ ба ҳадафи таъйиншуда аз сӯи раисони ҷумҳурии ду кишвар барои 500 миллион евро тиҷорати дуҷониба даст пайдо кунем”, - қайд кард Маъруфҷон Абдураҳмонов.
Вай илова кард, ки Эрону Тоҷикистон, то кунун ҳудуди 180 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд ва он чӣ ниёз аст, пайгирии ҷаддитар ҷиҳати иҷросозии барномаҳо ва тарҳҳост.
Дипломати тоҷик афзуд, дар кишвари Тоҷикистон заминаи мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла доруӣ, гардишгарӣ, масолеҳи сохтумонӣ ва дигар саноеъ вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба имконоти Тоҷикистон барои ҳамли рейлӣ ва тавофуқот бо кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид барои содирот ба кишварҳои минтақа низ фароҳам аст.