Арабистон иҷозат дод. Зоирини тоҷик метавонанд ба зиёрати Хонаи Худо раванд

© AP / STRСотни мусульманских паломников окружают Каабу
Сотни мусульманских паломников окружают Каабу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Сафар барои зиёрати Хонаи Худо имконпазир шуд, аммо барои афроди то синни 65
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Арабистони Саудӣ барои нахустин бор пас аз се соли ахир ба зоирони хориҷӣ иҷоза дод, ки Хонаи Худоро зиёрат кунанд, хабар медиҳад Вазораи ҳаҷҷи ин кишвар.
Имсол як миллион нафар имкони зиёрати Маккаи мукаррамаро доранд. Арабистони Саъудӣ теъдоди иҷозаи зоирин ба ҳаҷ, аз ҷумла шаҳрвандони ин салтанат ва хориҷиёнро афзоиш додааст.

"Ҳоҷиён ба хотири ҳифзи саломатӣ ва бехатарии худ ҳангоми адои маросими худ чораҳои эҳтиётӣ андешида, дастурҳои пешгирикунандаро риоя кунанд", - афзуд Вазорати ҳаҷ ва умра.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷ имсол барои афроди то 65-сола ва комилан эмкардашуда иҷозат аст. Ҳангоми расидан ҳоҷиён санҷиш аз COVID-19-ро бо натоиҷи манфӣ дар муҳлати на дертар аз 72 соат бояд пешниҳод кунанд.
Собака спит около велосипеда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Тоҷикистонӣ мехоҳад бо дучарха ба ҳаҷ равад, аммо ба ӯ иҷозат намедиҳанд
Қабл аз пандемия ҳамасола ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон барои зиёрати маконҳои муқаддас - Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекарданд.
Ёдовар мешавем, дар соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷ барои зоирони берун аз салтанатро лағв ва шумораи ширкаткунандагонро то 1000 нафар маҳдуд кард.
Соли гузашта ин шумора ба 60 000 нафар расонда шуд, вале зиёрати зоирин аз хориҷи ин кишвар дубора мамнуъ шуд.
Лентаи хабарҳо
0