https://sputnik.tj/20220408/bonk-rusiya-meyor-boztamvil-poin-1047469534.html
Бонки Русия меъёри бозтамвилро якбора поин бурд
Бонки Русия меъёри бозтамвилро якбора поин бурд
Sputnik Тоҷикистон
Бонки марказии Федератсияи Русия имкони идомаи коҳиши меъёри асосӣ дар ҷаласаҳои ояндаро эътироф мекунад: хатарҳо ба суботи молиявии кишвар боқӣ мондаанд, аммо онҳо афзоишро қатъ карданд
2022-04-08T14:50+0500
2022-04-08T14:50+0500
2022-04-29T15:47+0500
дар русия
иқтисод
меъёри бозтамвил
таваррум
фоиз
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/64/1021226432_0:50:3075:1780_1920x0_80_0_0_982153b13c4b0af0f50fb14143113a69.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бонки Русия меъёри бозтамвилро 17% поин бурд. Дар баробари ин гуфта мешавад, дар оянда низ чунин сиёсат идома хоҳад ёфт. Чунин тадбирҳо аз тағйирёбии мизони хавфҳои суръатбахши афзоиши нархҳои истеъмолӣ, сустшавии фаъолияти иқтисодӣ ва хатарҳо ба суботи молиявиро инъикос мекунанд. Дар баробари ин вазъи иқтисоди берунии Русия мушкил боқӣ монда, фаъолияти онро ба таври назаррас маҳдуд мекунад. Мутахассисон қайд карданд, ки хатарҳо ба суботи молиявии кишвар то ҳол боқӣ мондаанд, вале афзоиш пайдо нахоҳанд кард.Бесобиқа: Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурдҶаласаи навбатӣ дар ин мавзуъ дар Бонки марказӣ рӯзи 29 апрел баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки Бонки марказӣ нахустин бор дар таърих меъёри бозтамвилро то 20% боло бурд. Танзимгари асосии молиявии Русия ин тасмимро ба далели таҳримҳои густардае аз ҷониби ИМА ва Аврупо алайҳи Русия гирифт. Ин тадбир барои нигоҳ доштани суботи молӣ ва нархҳо, ҳифзи пули шаҳрвандон аз беқурбшавӣ, мустаҳкам кардани қурби рубл, афзоиши фоизи қарзҳо ва пасандозҳо роҳандозӣ шуд. Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/64/1021226432_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_83b0d37605c4f08eb96bfbb5450e81cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
меъёри бозтамвил, русия, поён
меъёри бозтамвил, русия, поён
Бонки Русия меъёри бозтамвилро якбора поин бурд
14:50 08.04.2022 (Навсозишуда: 15:47 29.04.2022) Бонки марказии Русия имкони идомаи коҳиши меъёри бозтамвил дар ҷаласаҳои ояндаро эътироф мекунад: хатарҳо ба суботи молиявии кишвар боқӣ мондаанд, аммо онҳо афзоиш пайдо намекунанд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бонки Русия меъёри бозтамвилро 17% поин бурд. Дар баробари ин гуфта мешавад, дар оянда низ чунин сиёсат идома хоҳад ёфт.
"Шӯрои директорони Бонки марказии Русия тасмим гирифт, ки меъёри асосиро аз 11 апрели соли 2022 то 3,00 банди фоиз, 17,00% дар як сол коҳиш диҳад", - гуфт Бонки марказии Русия.
Чунин тадбирҳо аз тағйирёбии мизони хавфҳои суръатбахши афзоиши нархҳои истеъмолӣ, сустшавии фаъолияти иқтисодӣ ва хатарҳо ба суботи молиявиро инъикос мекунанд.
Дар баробари ин вазъи иқтисоди берунии Русия мушкил боқӣ монда, фаъолияти онро ба таври назаррас маҳдуд мекунад.
Мутахассисон қайд карданд, ки хатарҳо ба суботи молиявии кишвар то ҳол боқӣ мондаанд, вале афзоиш пайдо нахоҳанд кард.
Ҷаласаи навбатӣ дар ин мавзуъ дар Бонки марказӣ рӯзи 29 апрел баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Бонки марказӣ нахустин бор дар таърих меъёри бозтамвилро то 20% боло бурд. Танзимгари асосии молиявии Русия ин тасмимро ба далели таҳримҳои густардае аз ҷониби ИМА ва Аврупо алайҳи Русия гирифт.
Ин тадбир барои нигоҳ доштани суботи молӣ ва нархҳо, ҳифзи пули шаҳрвандон аз беқурбшавӣ, мустаҳкам кардани қурби рубл, афзоиши фоизи қарзҳо ва пасандозҳо роҳандозӣ шуд.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.