https://sputnik.tj/20220408/rusiya-vakolat-shuroi-huqubi-bashari-smm-qat-1047455517.html
Русия пеш аз муҳлат ваколаташро дар Шӯрои ҳуқуби башари СММ қатъ кард
Русия пеш аз муҳлат ваколаташро дар Шӯрои ҳуқуби башари СММ қатъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Муовини намояндаи доимии Русия дар СММ дар бораи пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколати Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал хабар дод
2022-04-08T10:05+0500
2022-04-08T10:05+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
смм
ҳуқуқи башар
созмонҳои ҳуқуқи башар
ваколат
қатъ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046330427_0:287:3078:2018_1920x0_80_0_0_a1802827ab97f69345e9a83714db6934.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Геннадий Кузмин, муовини намояндаи доимии Русия дар Созмони милали Муттаҳид эълон кард, ки кишвараш пеш аз муҳлат ваколати худро дар Шӯрои СММ дар умури ҳуқуқи башар қатъ хоҳад кард.Ба гуфтаи вай, намояндагӣ аз 7 апрел иҷрои вазифаҳояшро дар ин шӯро қатъ мекунад.Қатънома дар бораи мутаваққиф кардани узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро намояндагони 93 давлат ба ҷонибдорӣ, 24 кишвар мухолиф ва 58 кишвари дигар изҳори бетарафӣ карданд.Ин санадро як гурӯҳи кишварҳои ғарбӣ омода карданд, ки дар миёни онҳо ИМА ва Украина низ ҳузур доранд.Қаблан СММ дар бораи вазъи башарӣ дар Украина қатъномаи зидди Русияро қабул карда буд, ки дар он талаботи сиёсӣ аз Русия матраҳ буд. Дар ҳамин ҳол Маскав борҳо таъкид кардааст, ки ин созмон ҷиноятҳои миллатгароёни украинӣ алайҳи русҳо ва низомиёни асиршударо нодида мегирад.Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунии Украина" анҷом шуда, ҳама масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд. Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд.Вохӯрии охирини рӯ ба рӯи ҳайатҳо 29 март дар Истанбул баргузор шуд. То ҳол ҷонибҳо натавонистанд ба пешрафте ноил шаванд.
https://sputnik.tj/20220407/lavrov-ukraina-muzokirot-rusiyaro-1047441473.html
https://sputnik.tj/20220407/narishkin-nato-ukraina-rusiya-afghoniston-1047439646.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046330427_347:0:3078:2048_1920x0_80_0_0_3831054cfeaacea2e72fe8b76116a42a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, смм, украина, шӯрои ҳуқуқи башар, ваколат, манъ, қатъ
русия, смм, украина, шӯрои ҳуқуқи башар, ваколат, манъ, қатъ
Русия пеш аз муҳлат ваколаташро дар Шӯрои ҳуқуби башари СММ қатъ кард
10:05 08.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Муовини намояндаи доимии Русия дар СММ дар бораи пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколати Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал хабар дод
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Геннадий Кузмин, муовини намояндаи доимии Русия дар Созмони милали Муттаҳид эълон кард, ки кишвараш пеш аз муҳлат ваколати худро дар Шӯрои СММ дар умури ҳуқуқи башар қатъ хоҳад кард.
"Русия қатъномаи қабулкардаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи мутаваққиф кардани узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро як иқдоми ғайриқонунӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ барои муҷозоти бераҳмонаи як кишвари соҳибистиқлоли узви СММ, ки сиёсати мустақили дохилию хориҷӣ дорад, медонад", - гуфт дипломати рус.
Ба гуфтаи вай, намояндагӣ аз 7 апрел иҷрои вазифаҳояшро дар ин шӯро қатъ мекунад.
Қатънома дар бораи мутаваққиф кардани узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро намояндагони 93 давлат ба ҷонибдорӣ, 24 кишвар мухолиф ва 58 кишвари дигар изҳори бетарафӣ карданд.
Ин санадро як гурӯҳи кишварҳои ғарбӣ омода карданд, ки дар миёни онҳо ИМА ва Украина низ ҳузур доранд.
Қаблан СММ дар бораи вазъи башарӣ дар Украина қатъномаи зидди Русияро қабул карда буд, ки дар он талаботи сиёсӣ аз Русия матраҳ буд. Дар ҳамин ҳол Маскав борҳо таъкид кардааст, ки ин созмон ҷиноятҳои миллатгароёни украинӣ алайҳи русҳо ва низомиёни асиршударо нодида мегирад.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунии Украина" анҷом шуда, ҳама масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд. Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд.
Вохӯрии охирини рӯ ба рӯи ҳайатҳо 29 март дар Истанбул баргузор шуд. То ҳол ҷонибҳо натавонистанд ба пешрафте ноил шаванд.