https://sputnik.tj/20220407/lavrov-ukraina-muzokirot-rusiyaro-1047441473.html
Лавров гуфт, Украина саъй дорад, музокирот бо Русияро халалдор созад
Лавров гуфт, Украина саъй дорад, музокирот бо Русияро халалдор созад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Украина талош дорад, ҷараёни музокирот бо Русияро ба таъхир андозад ва халалдор кунад
2022-04-07T19:20+0500
2022-04-07T19:20+0500
2022-04-07T21:04+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
сергей лавров
дар русия
украина
музокирот
таъхир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1e/1047202248_0:256:2946:1913_1920x0_80_0_0_f8963d6afae647e1675816c63b412902.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Киев таҳти назорати Вошингтон ва муттаҳидонаш аст, ки Украинаро ба идомаи ҷанг тела медиҳанд, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия."Музокирот бори дигар ниятҳои аслии Киев, таъхир ва ҳатто халалдор кардани музокиротро тавассути дур шудан аз тафоҳумҳои ҳосилшуда собит мекунад. Режими Киев аз ҷониби Вашингтон ва муттаҳидонаш таҳти назорат аст, ки президент Зеленскийро ба идомаи ҷанг тела медиҳанд", - гуфт Лавров.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".Ҳадафи нави амалиёти вижаи Русия дар Украина ошкор шудБарои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунии Украина" анҷом шуда, ҳама масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Белорус оғоз шуд. Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд.Вохӯрии охирини рӯ ба рӯи ҳайатҳо 29 март дар Истанбул баргузор шуд. То ҳол ҷонибҳо натавонистанд ба пешрафте ноил шаванд.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1e/1047202248_215:0:2946:2048_1920x0_80_0_0_8ff856b5955e55af377eb2bb5fe9e91f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёти вижаи русия, украина, музокирот
амалиёти вижаи русия, украина, музокирот
Лавров гуфт, Украина саъй дорад, музокирот бо Русияро халалдор созад
19:20 07.04.2022 (Навсозишуда: 21:04 07.04.2022) Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Украина талош дорад, ҷараёни музокирот бо Русияро ба таъхир андозад ва халалдор кунад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Киев таҳти назорати Вошингтон ва муттаҳидонаш аст, ки Украинаро ба идомаи ҷанг тела медиҳанд, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
"Музокирот бори дигар ниятҳои аслии Киев, таъхир ва ҳатто халалдор кардани музокиротро тавассути дур шудан аз тафоҳумҳои ҳосилшуда собит мекунад. Режими Киев аз ҷониби Вашингтон ва муттаҳидонаш таҳти назорат аст, ки президент Зеленскийро ба идомаи ҷанг тела медиҳанд", - гуфт Лавров.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунии Украина" анҷом шуда, ҳама масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Белорус оғоз шуд.
Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд.
Вохӯрии охирини рӯ ба рӯи ҳайатҳо 29 март дар Истанбул баргузор шуд. То ҳол ҷонибҳо натавонистанд ба пешрафте ноил шаванд.