ORVIGA-и тоҷикӣ: Дар Истаравшан коргоҳи истеҳсоли телевизору мошинаи ҷомашӯӣ месозанд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкОткрытие завода Haier в Набережных Челнах
Открытие завода Haier в Набережных Челнах  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Сохтмони ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сурат гирифта, ҳукумати шаҳр барои бунёди он беш аз 2 гектар замин ҷудо намудааст
ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли телевизор ва дигар техникаи маишӣ сохта мешавад.
Шуҳрат Отамуродов, сардори идораи рушди иқтисод дар шаҳри Истаравшан дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, макони сохтмони ин корхонаи нави саноатӣ дирӯз ба гурӯҳи корӣ, ки аз пойтахти кишвар озими шаҳр гардида буданд, нишон дода шудааст.

“Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ ORVIGA бунёд шуда, дар он истеҳсоли телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ ба роҳ монда мешавад”, - афзуд Отамуродов.

Ин корхонаи тавлидӣ воридотивазкунанда гуфта мешавад.
Сборка автомобилей MAN - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Бунёди 145 корхонаи нав дар Суғд дар соли равон
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло корҳои лоиҳакашии корхона идома дошта, қарор аст, бо ҷалби беш аз 20 мутахассис давоми ду соли оянда сохтмони он ба итмом расонида шавад.
ORVIGA бренди чинӣ буда, қарор аст, дар пайи таъсиси корхонаи нав дар Истаравшан бо масъулони ин ширкат қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонида шавад.
Ба ин тартиб бар пояи иттилои масъулини идораи рушди иқтисод ва савдо, соли 2024 аввалин телевизор ва техникаҳои маишӣ бо бренди ORVIGA-и тоҷикӣ ба бозор арза хоҳад шуд.
Масъулони ҳукумат мегӯянд, дар ҳоли фаъол шудани ин коргоҳ беш аз 60 сокини маҳаллӣ ба шуғл фаро гирифта хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0