https://sputnik.tj/20220403/bunyodi-korkhonai-sughd-1047311390.html
Бунёди 145 корхонаи нав дар Суғд дар соли равон
Бунёди 145 корхонаи нав дар Суғд дар соли равон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд аз пешрафти саноат дар вилоят хабар дода эълон намудааст, ки дар давоми сол дар вилоят боз 145 корхонаи нав бунёд хоҳад шуд
2022-04-03T14:25+0500
2022-04-03T14:25+0500
2022-04-04T14:07+0500
дар тоҷикистон
суғд
саноат
коргоҳ
бунёд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102688/67/1026886740_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_969ecb9af372cbd3a87a6435bd5cd1dc.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд ахиран дар як ҷаласае эълон кардаанд, ки тибқи нақша, соли равон дар шаҳру навоҳии ин вилоят 145 корхонаи нави саноатӣ бунёд хоҳад шуд, иттилоъ додааст сомонаи "Ҷумҳурият".Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои масъули вилоятӣ ва вазорату идораҳои дахлдор барои сари вақт ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди минтақаҳои саноатӣ то 130 фоиз таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар соли равон супориш додааст.Ҳамчунин раиси вилоят барои ба кор даровардани иқтидорҳои нав ва корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои вилоятӣ супориш дод.Бояд гуфт, ки соли 2021 дар вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав, бо 3056 ҷойи кор таъсис дода шуд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати кимиё, маъдан, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ таъсис ёфтаанд.Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20,9 миллиард сомонӣ расонда шуд. Суръати рушди саноат бо нархҳои амалкунандаи корхонаҳо ба 136,7 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 131,3 фоиз баробар гашт.Мақомоти Суғд таъкид кардаанд, ин дастовардҳо имкон доданд, ки раванди афзоиши саҳми вилоят дар ташаккулёбии маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар идома ёфта, ҳиссаи саноати вилоят ба 55 фоиз баробар шавад.
https://sputnik.tj/20220322/vaziri-sanoat-hech-shirkat-tark-rusiya-1046994859.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102688/67/1026886740_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_c04d72ab1bfd42dca933ea65d2b653da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, тоҷикистон, саноат, корхона, бунёд, пешрафт
суғд, тоҷикистон, саноат, корхона, бунёд, пешрафт
Бунёди 145 корхонаи нав дар Суғд дар соли равон
14:25 03.04.2022 (Навсозишуда: 14:07 04.04.2022) Мақомоти вилояти Суғд аз пешрафти саноат дар вилоят хабар дода, эълон намудаанд, ки дар давоми сол дар ин вилоят боз 145 корхонаи нав бунёд хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд ахиран дар як ҷаласае эълон кардаанд, ки тибқи нақша, соли равон дар шаҳру навоҳии ин вилоят 145 корхонаи нави саноатӣ бунёд хоҳад шуд, иттилоъ додааст сомонаи "Ҷумҳурият".
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои масъули вилоятӣ ва вазорату идораҳои дахлдор барои сари вақт ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди минтақаҳои саноатӣ то 130 фоиз таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар соли равон супориш додааст.
Ҳамчунин раиси вилоят барои ба кор даровардани иқтидорҳои нав ва корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои вилоятӣ супориш дод.
Бояд гуфт, ки соли 2021 дар вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав, бо 3056 ҷойи кор таъсис дода шуд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати кимиё, маъдан, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ таъсис ёфтаанд.
Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20,9 миллиард сомонӣ расонда шуд. Суръати рушди саноат бо нархҳои амалкунандаи корхонаҳо ба 136,7 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 131,3 фоиз баробар гашт.
Мақомоти Суғд таъкид кардаанд, ин дастовардҳо имкон доданд, ки раванди афзоиши саҳми вилоят дар ташаккулёбии маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар идома ёфта, ҳиссаи саноати вилоят ба 55 фоиз баробар шавад.