https://sputnik.tj/20220408/muhojiron-rusiya-maskav-jinoyat-1047476214.html
Муҳоҷирон дар Русия бештар дар Маскав ва вилояти Маскав ҷиноят содир мекардаанд
Муҳоҷирон дар Русия бештар дар Маскав ва вилояти Маскав ҷиноят содир мекардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Русия омори амалҳои ғайриқонунӣ бо ширкати шаҳрвандони хориҷиро аз рӯи минтақаҳо нашр кард
2022-04-08T19:50+0500
2022-04-08T19:50+0500
2022-04-08T20:44+0500
дар русия
муҳоҷират
вкд
қонуншиканӣ
сатҳи ҷинояткорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_0:0:2998:1686_1920x0_80_0_0_e20fa66d8166f98e75057dacc3cd73e6.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Шумораи бештари ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба шаҳрҳои Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург рост меояд. Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, генерал-майор Олег Кадочников хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои охир мизони ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ аз 3,5% зиёд нест. Кадочников тавзеҳ дод, ки дар соли 2021 дар Маскав беш аз 7000 ҷиноят бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ сабт шудааст, беш аз 5000 ҷиноят ба вилояти Маскав ва 3500-тои онҳо ба Санкт-Петербург рост меояд.Барои муқоиса дар Қрим хориҷиён ҳазор, дар ҳудуди вилояти Челябинск дар 961 маврид қонунҳоро нақз кардаанд.Қобили зикр аст, ки аз моҳи июл то декабри соли қаблӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии Русия ҳудуди 250 нафарро барои ширкат дар бетартибиҳо аз ин кишвар ихроҷ карда буданд. Қаблан коршиносони Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфта буданд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Русия таҳдид мекунанд.Ба гуфтаи коршиносон, хориҷиёне, ки дар қаламрави ин кишвар бидуни ҳуҷҷат қарор доранд, метавонанд ба фаъолияти тахрибкорӣ машғул шаванд.Дар навбати худ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки барои нақзи қонун ва намоиши ифротгароӣ муҳоҷирон бояд ихроҷ ва дар оянда чунин шаҳрвандон аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ин давлат маҳрум карда шаванд.
https://sputnik.tj/20220316/ikhroji-muhojir-rusiya-naqz-qonun-1046838277.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_269:0:2998:2047_1920x0_80_0_0_4100e234ddac9eae9cb82e13f7aba55d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон русия маскав ҷиноят
муҳоҷирон русия маскав ҷиноят
Муҳоҷирон дар Русия бештар дар Маскав ва вилояти Маскав ҷиноят содир мекардаанд
19:50 08.04.2022 (Навсозишуда: 20:44 08.04.2022) Вазорати корҳои дохилии Русия омори амалҳои ғайриқонунӣ бо ширкати шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯи минтақаҳоро нашр кард
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Шумораи бештари ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба шаҳрҳои Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург рост меояд.
Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, генерал-майор Олег Кадочников хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои охир мизони ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ аз 3,5% зиёд нест.
Кадочников тавзеҳ дод, ки дар соли 2021 дар Маскав беш аз 7000 ҷиноят бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ сабт шудааст, беш аз 5000 ҷиноят ба вилояти Маскав ва 3500-тои онҳо ба Санкт-Петербург рост меояд.
Барои муқоиса дар Қрим хориҷиён ҳазор, дар ҳудуди вилояти Челябинск дар 961 маврид қонунҳоро нақз кардаанд.
"Ин аз як тараф ба шиддат гирифтани ҷараёни муҳоҷират ва аз тарафи дигар пурзӯр шудани кори мақомоти корҳои дохилӣ оид ба ошкор ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо вобастааст", - таъкид кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи июл то декабри соли қаблӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии Русия ҳудуди 250 нафарро барои ширкат дар бетартибиҳо аз ин кишвар ихроҷ карда буданд.
Қаблан коршиносони Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфта буданд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Русия таҳдид мекунанд.
Ба гуфтаи коршиносон, хориҷиёне, ки дар қаламрави ин кишвар бидуни ҳуҷҷат қарор доранд, метавонанд ба фаъолияти тахрибкорӣ машғул шаванд.
Дар навбати худ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки барои нақзи қонун ва намоиши ифротгароӣ муҳоҷирон бояд ихроҷ ва дар оянда чунин шаҳрвандон аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ин давлат маҳрум карда шаванд.