https://sputnik.tj/20220316/ikhroji-muhojir-rusiya-naqz-qonun-1046838277.html
Ихроҷи қариб 60 ҳазор муҳоҷир аз Русия барои нақзи қонун
Ихроҷи қариб 60 ҳазор муҳоҷир аз Русия барои нақзи қонун
Sputnik Тоҷикистон
Аксари муҳоҷирон барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз Русия ихроҷ шудаанд
2022-03-16T13:35+0500
2022-03-16T13:35+0500
2024-02-07T14:34+0500
дар русия
муҳоҷират
ихроҷ
қонуншиканӣ
маъмурӣ
хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061225039_0:0:2967:1668_1920x0_80_0_0_b1b4975ad45a3807c75aad14edb73e6c.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Мақомоти Русия тайи 2 соли охир беш аз 59 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз ин кишвар хориҷ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба Вазорати умури дохилии Русия хабар дод. Дар зимн таъкид шудаст, ки ихроҷи ин теъдоди хориҷиён дар ҳоле сурат гирифтаст, ки тайи солҳои 2020 - 2021 барои ихроҷи муҳоҷирон аз Русия бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ буданд. Аз ҷумла муқаррар шуда буд, ки мақомоти умури дохилии Русия як муддат ба далели пандемияи коронавирус аз ихроҷи муҳоҷирон худдорӣ намоянд. Бар асоси фармони президенти Русия, Владимир Путин ба муҳоҷирон имкон дода шуд, ки бидуни хавфи ихроҷ ҳузурашонро дар кишвар қонунӣ кунанд. Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки патент гиранду кор кунанд. Дар баробари ин вобаста ба ҳадафи вуруд ба Русия ҷавобгарии маъмурӣ низ сабук карда шуда буд. Мақомот мегӯянд, аксари онҳое, ки хориҷ шудаанд, даст ба қонуншикании маъмурӣ задаанд ва ё фавран баъди адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии кишвар хориҷ карда шуданд. Феълан аз усулҳое, ки хориҷиён аз тариқи он мехоҳанд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд ва ё шаҳрвандии Русияро гиранд, издивоҷи сохтакорона ва ё фарзандхонӣ арзёбӣ мешавад. Мақомоти умури дохилии Русия мегӯянд, феълан пешниҳодҳо барои роҳандозии ҷавобгарии ҷиноӣ барои издивоҷу фарзандхонии сохтакоронаро баррасӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори худу хонаводаашон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва бар асоси омори нашршуда, ҳар сол даҳҳо ҳазор нафар аз онҳо мақоми шаҳрвандии ин кишварро мегиранд.
https://sputnik.tj/20220316/joyh-kholi-kor-maskav-sokhtmon-1046832592.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061225039_36:0:2765:2047_1920x0_80_0_0_0830407faa853cfa2025904ab249a310.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳазор, хориҷӣ, русия, муҳоҷирон, ихроҷ
ҳазор, хориҷӣ, русия, муҳоҷирон, ихроҷ
Ихроҷи қариб 60 ҳазор муҳоҷир аз Русия барои нақзи қонун
13:35 16.03.2022 (Навсозишуда: 14:34 07.02.2024) Аксари муҳоҷирон барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз Русия ихроҷ шудаанд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Мақомоти Русия тайи 2 соли охир беш аз 59 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз ин кишвар хориҷ кардаанд.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба Вазорати умури дохилии Русия хабар дод.
Дар зимн таъкид шудаст, ки ихроҷи ин теъдоди хориҷиён дар ҳоле сурат гирифтаст, ки тайи солҳои 2020 - 2021 барои ихроҷи муҳоҷирон аз Русия бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ буданд. Аз ҷумла муқаррар шуда буд, ки мақомоти умури дохилии Русия як муддат ба далели пандемияи коронавирус аз ихроҷи муҳоҷирон худдорӣ намоянд.
Бар асоси фармони президенти Русия, Владимир Путин ба муҳоҷирон имкон дода шуд, ки бидуни хавфи ихроҷ ҳузурашонро дар кишвар қонунӣ кунанд. Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки патент гиранду кор кунанд. Дар баробари ин вобаста ба ҳадафи вуруд ба Русия ҷавобгарии маъмурӣ низ сабук карда шуда буд.
Мақомот мегӯянд, аксари онҳое, ки хориҷ шудаанд, даст ба қонуншикании маъмурӣ задаанд ва ё фавран баъди адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии кишвар хориҷ карда шуданд.
Феълан аз усулҳое, ки хориҷиён аз тариқи он мехоҳанд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд ва ё шаҳрвандии Русияро гиранд, издивоҷи сохтакорона ва ё фарзандхонӣ арзёбӣ мешавад. Мақомоти умури дохилии Русия мегӯянд, феълан пешниҳодҳо барои роҳандозии ҷавобгарии ҷиноӣ барои издивоҷу фарзандхонии сохтакоронаро баррасӣ доранд.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори худу хонаводаашон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва бар асоси омори нашршуда, ҳар сол даҳҳо ҳазор нафар аз онҳо мақоми шаҳрвандии ин кишварро мегиранд.