Мақомот: Рушди иқтисод дар соли 2022 на кам аз 8 дарсад хоҳад буд

© PixabayЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Интизор меравад, дар соли 2022 суръати рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин гардад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани суръати рушди иқтисод аз тамоми иқтидору имконоти мавҷуда истифода барад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба манобеи ҳукуматии кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳукумати кишвар дар ин раванд барои иҷрои пурраи барномаҳои соҳавию минтақаӣ ва бартараф кардани камбудиҳои зимни амалигардонии онҳо ҷойдошта тадбирҳои заррурӣ ва саривақтӣ меандешад.
Гуфта шудааст, ки фаъолияти бахши хусусӣ тавассути ҷалби сармояи мустақими дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои муосир вусъат ёфта, барои дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои имтиёзнок ва равона кардани сиёсати андозу буҷет ба ҳавасмангардонии соҳибкорӣ, бахусус соҳибкорони истеҳсолӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Подгузов: Энержӣ ва об манбаи аслии рушди иқтисод аст
Ҳамзамон ҳукумати кишвар тамим дорад, бо назардошти пандемияи COVID-19 ва таъсири пайомадҳои он ба соҳаҳои иқтисодии кишвар ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии молӣ ва шарикони рушд тақвият бахшад.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки соли гузашта бо вуҷуди мураккаб ва душвор боқӣ мондани вазъи иқтисодиву молии ҷаҳон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронии вобаста ба пешгирии таъсири омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ, бахусус паҳншавии бемории сироятии COVID-19 рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 9,2 фоиз таъмин гардид.
Лентаи хабарҳо
0