https://sputnik.tj/20220407/zidd-rusiya-jang-iqtisod-1047437357.html
Мишустин гуфт, ки бар зидди Русия ҷанги иқтисодӣ оғоз шудааст
Мишустин гуфт, ки бар зидди Русия ҷанги иқтисодӣ оғоз шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи сарвазири Русия, кишвар имрӯз бо чолишҳои таърихӣ рӯбарӯ аст, ки яке аз он ҷанги иқтисодӣ аст
2022-04-07T17:00+0500
2022-04-07T17:00+0500
2022-04-07T20:40+0500
михаил мишустин
ҷанг
иқтисодӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044681535_0:0:2867:1614_1920x0_80_0_0_2c4e88c2c854dd6bba5a569ea3ff0d4c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин зимни суханронӣ бо гузориши ҳукумат дар Думаи давлатӣ гуфт, ҷанги иқтисодӣ алайҳи Русия аллакай оғоз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар назди ҳукумат ва порлумон мушкилот ва вазифаҳои таърихӣ меистанд. Пештар котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд карда буд, ки кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия ҷанги иқтисодӣ оғоз кардаанд. Вай гуфт, давлатҳои ғарбӣ амвол, пули Русияро мусодира ва ҳама гуна муносибатҳои молиро қатъ мекунанд. Дар чунин вазъият Русия бояд ба воқеияти нав мутобиқ шавад. Қобили зикр аст, ки қаблан як қатор кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти вижа дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карда буданд. Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, сиёсати ҷилавгирӣ ва заъифсозии Русия як стратегияи дарозмуддат аст ва таҳримҳо низ ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд. Ҳамин тариқ Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо, воқеан, дар иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Русия дефолт эълон карда, захираҳои асъории онро мунҷамид карданд. Путин афзуд, ҳаводиси имрӯза бартарии ҷаҳонии Ғарбро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод коҳиш медиҳанд.
https://sputnik.tj/20220405/rubl-tahrim-ehsos-nakard-1047370587.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044681535_138:0:2867:2047_1920x0_80_0_0_37c53c0fce1c137bdc6a916c6001e05a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мишустин, русия, ҷанги иқтисодӣ
мишустин, русия, ҷанги иқтисодӣ
Мишустин гуфт, ки бар зидди Русия ҷанги иқтисодӣ оғоз шудааст
17:00 07.04.2022 (Навсозишуда: 20:40 07.04.2022) Ба гуфтаи сарвазири Русия, ин кишвар имрӯз бо чолишҳои таърихӣ рӯ ба рӯст, ки яке аз он ҷанги иқтисодӣ аст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин зимни суханронӣ бо гузориши ҳукумат дар Думаи давлатӣ гуфт, ҷанги иқтисодӣ алайҳи Русия аллакай оғоз шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар назди ҳукумат ва порлумон мушкилот ва вазифаҳои таърихӣ меистанд.
"Ҷанги воқеии иқтисодӣ алайҳи Русия оғоз шуд. Ва ин аз ҳамкории созандаи мо бо шумо вобаста аст, ки то чӣ андоза метавонем иқтисодро ба воқеиятҳои нав мутобиқ кунем ва онро ба рушди пешрафта баргардонем", - таъкид кард Мишустин.
Пештар котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд карда буд, ки кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия ҷанги иқтисодӣ оғоз кардаанд.
Вай гуфт, давлатҳои ғарбӣ амвол, пули Русияро мусодира ва ҳама гуна муносибатҳои молиро қатъ мекунанд. Дар чунин вазъият Русия бояд ба воқеияти нав мутобиқ шавад.
Қобили зикр аст, ки қаблан як қатор кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти вижа дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карда буданд.
Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, сиёсати ҷилавгирӣ ва заъифсозии Русия як стратегияи дарозмуддат аст ва таҳримҳо низ ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.
Ҳамин тариқ Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо, воқеан, дар иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Русия дефолт эълон карда, захираҳои асъории онро мунҷамид карданд.
Путин афзуд, ҳаводиси имрӯза бартарии ҷаҳонии Ғарбро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод коҳиш медиҳанд.