https://sputnik.tj/20220405/rubl-tahrim-ehsos-nakard-1047370587.html
Боррел: Рубл таҳримҳои "вайронкунанда"-и Ғарбро эҳсос накард
Боррел: Рубл таҳримҳои "вайронкунанда"-и Ғарбро эҳсос накард
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадори баландпояи аврупоӣ эътироф кард, ки маҳдудиятҳои тиҷоратии ИМА ва Аврупо натавонистаанд ба иқтисоди Русия зарар расонанд
2022-04-05T17:25+0500
2022-04-05T17:25+0500
2022-04-05T19:26+0500
рубл
иттиҳоди аврупо
сиёсат
дар ҷаҳон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/09/1044043017_0:0:2945:1657_1920x0_80_0_0_25b5e7e56737a609072d74cd0c8a00cf.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Пули миллии Русия ба таҳримҳои "вайронкунанда"-и Ғарби хуб истодагарӣ мекунад.Дар ин бора раҳбари дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо Жозеп Боррелл дар мусоҳиба бо радиои COPE хабар додааст. Сиёсатмадор инчунин фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путинро дар бораи пардохт кардани газ бо рубл, ки метавонад ба таври изофӣ қурби пули русиро ҳифз кунад, қайд кард. Қаблан "Bloomberg" гуфта буд, ки Русия дар ҷанги таҳримӣ алайҳи ИМА ва Аврупо пирӯз шуд. Нашрия қодир набудани таҳримҳо дар шикастани иқтисоди Русия ва тавоноии шарикони асосии тиҷоратиро, ки тавонистанд маҳдудиятҳоро аз байн баранд, қайд кард. Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Донбасс аз нимаи моҳи феврали соли 2022, пас аз тирборон кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина ташаннуҷ пайдо кард. Раҳбарони ҶМД ва ҶМЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кумак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд. Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳо, инчунин шартномаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо онҳоро имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия тасдиқ карданд. Раисҷумҳури Русия алакай рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод. "Bloomberg": Русия дар ҷанги таҳримӣ ИМА ва Аврупоро нобуд кардИёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд. Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд. Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард. ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро манъ ва баъдан ба ин рӯйхат арақ, маҳсулоти баҳрию алмоси сохти Русияро илова кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Русияро боздоштанд.
https://sputnik.tj/20210409/ima-bo-tahrimot-bartariyati-hudro-dar-jahon-nest-mekunad-1035184801.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/09/1044043017_64:0:2623:1919_1920x0_80_0_0_3e3744e7b14aecf314116d096986732b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истодагарӣ, рубл, таҳримот, ғарб
истодагарӣ, рубл, таҳримот, ғарб
Боррел: Рубл таҳримҳои "вайронкунанда"-и Ғарбро эҳсос накард
17:25 05.04.2022 (Навсозишуда: 19:26 05.04.2022) Сиёсатмадори баландпояи аврупоӣ эътироф кард, ки маҳдудиятҳои тиҷоратии ИМА ва Аврупо натавонистаанд ба иқтисоди Русия зарар расонанд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Пули миллии Русия ба таҳримҳои "вайронкунанда"-и Ғарби хуб истодагарӣ мекунад.
Дар ин бора раҳбари дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо Жозеп Боррелл дар мусоҳиба бо радиои COPE хабар додааст.
"Рубл устувории қавӣ нишон дод", - гуфт ин дипломат.
Сиёсатмадор инчунин фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путинро дар бораи пардохт кардани газ бо рубл, ки метавонад ба таври изофӣ қурби пули русиро ҳифз кунад, қайд кард.
Қаблан "Bloomberg" гуфта буд, ки Русия дар ҷанги таҳримӣ алайҳи ИМА ва Аврупо пирӯз шуд.
Нашрия қодир набудани таҳримҳо дар шикастани иқтисоди Русия ва тавоноии шарикони асосии тиҷоратиро, ки тавонистанд маҳдудиятҳоро аз байн баранд, қайд кард.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Донбасс аз нимаи моҳи феврали соли 2022, пас аз тирборон кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина ташаннуҷ пайдо кард.
Раҳбарони ҶМД ва ҶМЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кумак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳо, инчунин шартномаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо онҳоро имзо кард.
Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия тасдиқ карданд. Раисҷумҳури Русия алакай рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд.
Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро манъ ва баъдан ба ин рӯйхат арақ, маҳсулоти баҳрию алмоси сохти Русияро илова кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Русияро боздоштанд.