Уфти якбораи қурби доллар дар биржаи Маскав: аз 75 рубл поин рафт

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Қурби рубл дар баробари арзҳои хориҷӣ тақвиятро идома медиҳад ва дар музоядаҳои биржаи Маскав пули амрикоӣ ба таври қобили мулоҳиза поин меравад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Рубли русӣ дар муомилот нисбат ба асъори дигар босуръат афзоиш меёбад.
Ҳамин тавр рӯзи 7 апрел қурби пули амрикоӣ то 74,26 рубл коҳиш ёфт ва ба ин васила ба нишондиҳандаҳои 11 февралияш расид.
Арзиши евро ба 80,84 рубл поин рафт. Пули аврупоӣ пас аз моҳи октябри соли 2021 бори аввал ба ин ҳад расид.
Пули амрикоӣ бо ҳисоббаробаркуниҳои "фардо" дар соати 10:24 ба вақти Маскав 4,20 рубл коҳиш ёфта, ба 75,5 рубл, евро 4,75 рубл (82,25 рубл) мерасад.
Қаблан Александр Джиоев, таҳлилгари "Алфа-Капитал", поин рафтани қурби долларро, ки чанд ҳафта боз мушоҳида мешавад, бо коҳиши воридот рабт дод.
Американский доллар и китайский юань - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Доллар дар сиёҳчола: оё юан метавонад асъори аслии ҷаҳонӣ шавад?
Ба гуфтаи ин иқтисоддон, ба ин далел талабот ба пули амрикоӣ аз ҷониби воридкунандагон коҳиш меёбад.
Таҳлилгарони дигар қайд карданд, ки ду сабаби асосии динамикаи пули миллии Русия вуҷуд дорад: низоъ дар Украина ва муваффақияти гузариш, ҳадди аққал қисман ба пардохти газ бо рубл.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи феврали соли 2022 доллар ва евро ба баландтарин нишондиҳандаҳои таърихӣ расида буданд. Қурби доллар аз 120 рубл гузашт ва пули евро аз 135 рубл боло рафт.
Сабаби якбора боло рафтани қурби асъор як силсила рӯйдодҳо дар арсаи геополитикӣ, аз ҷумла эътирофи мустақилияти ҶМД ва ҶМЛ аз ҷониби Русия, оғози амалиёти вижаи Маскав барои ҳифзи Донбасс ва вокуниши Ғарб ба ин ҳодисаҳо, бахусус ҷорӣ кардани таҳримот буд.
Лентаи хабарҳо
0