https://sputnik.tj/20220407/sokhtmon-rusiya-kambud-muhojiron-1047449294.html
Ҳуснуллин: Сохтмонҳо дар Русия камбуди муҳоҷиронро эҳсос карданд
Ҳуснуллин: Сохтмонҳо дар Русия камбуди муҳоҷиронро эҳсос карданд
Sputnik Тоҷикистон
Саноати сохтмон дар Русия дар пасманзари ҷорӣ шудани таҳримҳо камбуди коргарони хориҷиро эҳсос мекунад, аммо коршиносон бар ин назаранд, ки вазъ беҳбуд меёбад
2022-04-07T22:10+0500
2022-04-07T22:10+0500
2022-04-08T13:25+0500
муҳоҷират
дар русия
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032842446_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_b94bb4a9d68a2f08fd4464556f69d810.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Сохтмонҳои Русия ба далели коҳиши қурби доллар каме хуруҷи муҳоҷирони кории Русияро эҳсос кардаанд. Дар ин бора муовини сарвазир Марат Ҳуснуллин хабар дод. Аммо бо тақвияти қурби рубл вазъ беҳтар шудааст, афзуд ӯ. Муовини нахуствазир тавзеҳ дод, вақте доллар то ба 120-130 рубл боло рафт, ҳангоми ҳисоб кардан маълум шуд, ки даромадашон 30-40% камтар шудааст. "Бинобар ин он замон қисме аз муҳоҷирон рафтанд. Аммо ҳоло чун қурби доллар муътадил шуд, усулан вазъ каму беш ором аст, ҳамаашон кор мекунанд", - гуфт Ҳуснуллин. Қаблан дар Приморе тамоюли хуруҷи муҳоҷирони корӣ мушоҳида шуда буд. Роҳбарони як ширкат гузориш доданд, ки тақрибан 5%-и бинокорон аз кишварҳои ИДМ онро тарк кардаанд. Чунин вазъ аз он сабаб ба амал омадааст, ки махсусан дар сохтмон музди меҳнат муқаррарӣ нест, музддиҳӣ бо усули кор вобаста аст. Дар ҳамин ҳол Вячеслав Поставнин, раиси Маркази пажуҳишҳои таҳлилӣ ва амалии равандҳои муҳоҷират бар ин назар аст, ки шаҳрвандони Русия ба ҷойҳои холӣ, ки маъмулан муҳоҷирони корӣ фаъолият мекунанд, муроҷиат намекунанд. Поставнин: оё русҳо шуғли муҳоҷирони тоҷикро хоҳанд гирифт?Ба ақидаи ӯ, ин гуна кор чун қоида, сахт, серталаб мебошад. Ҳамчунин теъдоде аз коршиносон бар ин назаранд, ки ба далели таҳримҳои Ғарб мақомоти Русия талош доранд, ба соҳибкорони маҳаллӣ кумак кунанд. Ба эътиқоди коршиносон, дар ин замина шояд ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.
https://sputnik.tj/20220407/peshgui-bor-kohish-intiqol-pul-muhojir-tojikiston-1047431762.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032842446_143:0:2812:2002_1920x0_80_0_0_cfa042100ff36f9407d1016e1180bb2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
соҳаҳо, муҳоҷирон, намерасанд,
соҳаҳо, муҳоҷирон, намерасанд,
Ҳуснуллин: Сохтмонҳо дар Русия камбуди муҳоҷиронро эҳсос карданд
22:10 07.04.2022 (Навсозишуда: 13:25 08.04.2022) Соҳаи сохтмон дар Русия дар пасманзари ҷорӣ шудани таҳримҳо камбуди коргарони хориҷиро эҳсос мекунад, аммо коршиносон бар ин назаранд, ки вазъ беҳбуд меёбад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Сохтмонҳои Русия ба далели коҳиши қурби доллар каме хуруҷи муҳоҷирони кории Русияро эҳсос кардаанд.
Дар ин бора муовини сарвазир Марат Ҳуснуллин хабар дод. Аммо бо тақвияти қурби рубл вазъ беҳтар шудааст, афзуд ӯ.
"Бале, мо ҳоло каме эҳсос мекунем, аммо на он қадар зиёд. Гап сари он аст, ки ҳангоми додани музди меҳнат ба муҳоҷирон доллар ба назар гирифта мешавад", - гуфт ӯ.
Муовини нахуствазир тавзеҳ дод, вақте доллар то ба 120-130 рубл боло рафт, ҳангоми ҳисоб кардан маълум шуд, ки даромадашон 30-40% камтар шудааст.
"Бинобар ин он замон қисме аз муҳоҷирон рафтанд. Аммо ҳоло чун қурби доллар муътадил шуд, усулан вазъ каму беш ором аст, ҳамаашон кор мекунанд", - гуфт Ҳуснуллин.
Қаблан дар Приморе тамоюли хуруҷи муҳоҷирони корӣ мушоҳида шуда буд. Роҳбарони як ширкат гузориш доданд, ки тақрибан 5%-и бинокорон аз кишварҳои ИДМ онро тарк кардаанд.
Чунин вазъ аз он сабаб ба амал омадааст, ки махсусан дар сохтмон музди меҳнат муқаррарӣ нест, музддиҳӣ бо усули кор вобаста аст.
Дар ҳамин ҳол Вячеслав Поставнин, раиси Маркази пажуҳишҳои таҳлилӣ ва амалии равандҳои муҳоҷират бар ин назар аст, ки шаҳрвандони Русия ба ҷойҳои холӣ, ки маъмулан муҳоҷирони корӣ фаъолият мекунанд, муроҷиат намекунанд.
Ба ақидаи ӯ, ин гуна кор чун қоида, сахт, серталаб мебошад. Ҳамчунин теъдоде аз коршиносон бар ин назаранд, ки ба далели таҳримҳои Ғарб мақомоти Русия талош доранд, ба соҳибкорони маҳаллӣ кумак кунанд. Ба эътиқоди коршиносон, дар ин замина шояд ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.